Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салоҳияти ниҳоди зиддиришвахорӣ бештар шуд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ниҳоди мубориза бо ришвахориро тақвият додааст. Карзай баъд аз имзои фармон ба хабарнигорон гуфт, ки чунин иқдом дар мубориза бо ришвахориву тамаъҷӯӣ хеле муҳим мебошад. Дафтари олии назорат ва зидди ришвахорӣ ҳоло иҷоза хоҳад дошт, ки ба иддао дар бораи ришвахорӣ расидагӣ анҷом диҳад. То ҳол ин ниҳод парвандаҳоро барои расидагӣ ба пулис ва додситонӣ мефиристод. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ниҳоди мубориза бо ришвахориро тақвият додааст. Карзай баъд аз имзои фармон ба хабарнигорон гуфт, ки чунин иқдом дар мубориза бо ришвахориву фасод хеле муҳим мебошад.

"Ин қадаме ба пеш барои мубориза бо ришвахориву фасоди идорӣ ва ихтилос дар кишвари мост. Чунин кор салоҳияти бештар ба Усмонӣ ва идораашон медиҳад. Мо умедворем, ки ин муфид аст ва ба нафъи мардуми Афғонистон хоҳад буд".

Дафтари олии назорат ва зидди ришвахорӣ ҳоло иҷоза хоҳад дошт, ки ба иддао дар бораи ришвахорӣ расидагӣ анҷом диҳад. То ҳол ин ниҳод парвандаҳоро барои расидагӣ ба пулис ва додситонӣ мефиристод.
XS
SM
MD
LG