Пайвандҳои дастрасӣ

Хосе Мануел Бароссо, раиси Камисиюни Аврупо гуфтааст, агар Тифлис густариши равобиташ бо Иттиҳодияи Аврупоро бихоҳад, бояд дар оянда ислоҳоти демократиро идома диҳад.

Ин матлабро ӯ дар ҷараёни боздиди нахуствазири Гурҷистон аз Бруссел изҳор доштааст. Чунин ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки як шабакаи телевизионии Гурҷистон барномаи танзомезеро пах кард, ки дар он гӯё Русия ба Гурҷстон ҳамла кардааст. Бори нахуст мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо ба таври ошкоро аз сиёсати мақомоти расмии Гурҷистон изҳори нигаронӣ карданд.

Дар гузашта Иттиҳодияи Аврупо ишора карда буд, ки равандҳои демократӣ зери раҳбарии Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон дар ин кишвар метавонад ба маҳрумият рӯ ба рӯ шавад.

Хосе Мануел Бароссо, раиси Кумиссиюни Аврупо дирӯз бо лаҳни ҷиддитаре таъкид кард, ки дар ин кишвари Қафқози ҷанубӣ ҳадафҳо аз воқеият фарқ доранд. Тавзеҳоти Бароссо дар ҳоле садо медиҳад, ки моҷароҳо пиромуни барномаи танзомези шабакаи телевизионии "Имедӣ"-и Гурҷистон ба авҷи олии худ расидааст.

Бори нахуст як мақоми расмии Иттиҳодияи Аврупо, дар шахси Бароссо ба таври ошкоро тааҳҳудоти Гурҷистонро барои таъмини демократия зери суол бурд.

Баъд аз мулоқот бо Гилаурӣ, нахуствазири Гурҷистон дар Бруссел Бароссо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо "умедвор аст, ки барои муттаҳид сохтани институтҳои демократӣ, эҷоди фарҳанги қобили қабули сиёсӣ ва озодии комили матбуот корҳои ҳамаҷониба идома хоҳанд кард".

Бароссо гуфт, пешрафт барои расидан ба ин ҳадафҳо хеле муҳиманд, агар Гурҷистон бихоҳад бо Иттиҳодияи Аврупо наздиктар шавад.

Ӯ мегӯяд: "Муҳим аст, ки ислоҳоти демократӣ, аз ҷумла эҳтиром ба озодии матбуот низ такмил шавад. Барои ҳамин ман ба моҳияти интихоботи маҳаллии оянда таъкид кардам. Ман бовар дорам, ки он барои равобити наздиктари миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Гурҷистон хеле муҳим аст".

Ба гуфтаи Бароссо, интихоботи маҳаллӣ дар моҳи маи соли ҷорӣ аз он нуктаи назар муҳим хоҳад буд, ки раҳбарони Гурҷистон имкон хоҳанд дошт, уҳдадориҳои сиёсии худро дар мавриди гуногунандешӣ ва меъёрҳои байналмиллалии баргузории интихоботи озоду одилона ба намоиш гузоранд.

Вай гуфт, "Ман мутмаин ҳастам, ки Гурҷистон ин имконро истифода хоҳад кард".

Мақомоти раҳбарии Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2003 ба ин сӯ, яъне аз соли инқилоби садбаргӣ орому хамӯш аз равандҳои худкомаии раҳбарии Михаил Саакашвилӣ нигарон буданд.

Иттиҳодияи Аврупо аз саркӯбии хашини тазоҳуроти мухолифон дар охири соли 2007 якка хӯрда буд. Ин иттиҳодия аз муноқишаи Гурҷистон бо Русия дар моҳи августи соли 2008 дар ҳолати ногувор монда буд.

Дархостҳои Иттиҳодияи Аврупо дар бораи расидагӣ ба ин моҷаро бо ин натиҷа анҷомид, ки Саакашвилӣ ба таҳрикоти Русия беш аз ҳад вокуниш нишон додааст, яъне худи Саакашвилӣ гунаҳгор шинохта шуд.

Ҳафтаи гузашта, 13-ӯми март Бруссел аз пахши барномаи сохтаву бофтаи шабакаи телевизионии наздик ба ҳукумат, яъне телевизиони "Имедӣ" дар тааҷҷуб монд. Ин барнома дар миёни мардум сару садоҳои густарда ба бор овард, ки гӯё Русия бори дигар ба Гурҷистон ҳамла кардааст, Саакашвилиро ба қатл расондааст ва Нино Бурҷанадзе-раҳбари мухолифон бо кӯмаки Русия ба қудрат омадааст.

Бароссо рӯзи чаҳршанбе гуфт, ки аз чунин "дурӯғ" нигарон шудааст. "Имедӣ" аслан шабакаи телевизиониест, ки бо ибтикори Бадрӣ Патаркатсишвилӣ, раҳбари фақид ва қавии мухолифон таъсис ёфта буд. Ҳоло раҳбарии онро яке аз наздикони Саакашвилӣ, яъне Георгӣ Арвеладзе-собиқ раиси кадрҳои дафтари раёсати ҷумҳурӣ бар ӯҳда дорад.

Наздикии Саакашвилӣ ва Арвеладзе суолеро матраҳ мекунад, ки чунин барномаи телевизионӣ бо машварати ҳукумат таҳия нашудааст? Аммо Саакашвилӣ ва мақомоти баландпояи дигар инкор кардаанд, ки телевизиони "Имедӣ" зери нуфузи ҳукумат нест.
XS
SM
MD
LG