Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов натиҷаи мулоқоташонро дар ҷамъи рӯзноманигорон мусбат арзёбӣ карданд, аммо дар мавриди истифодаи захираҳои обу энержии минтақа ҳарфҳо дигар буданд.

Эмомалии Раҳмон гуфт, ба ҳамтои туркманаш мавқеи устувор ва усулии Тоҷикистон рӯи истифодаи захираҳои обу энержиашро таъкид кардааст. Вай афзуд, ин мавқеъ на фақат аз зарурати қонунӣ ва мантиқӣ доштани кишвараш дар истифодаи сарватҳои табии худ ҷиҳати таъмини иқтисоду мардум бо барқ бар меояд, балки ба ҳисоб гирифтани манофеъи умумиминтақаӣ низ мебошад.

Оқои Раҳмон афзуд: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти халқи тоҷикро медонад, ки тайи даҳсолаи ахир қариб ним сол ба ҳангоми зимистон бе рӯшноиву гармӣ менишинад, аммо мисли дигар халқҳо ҳақ ба зиндагии беҳтар дорад. Ҳамзамон Тоҷикистон ҳамеша мӯътақиди меъёрҳои ҳамкориҳои фаъолу мутақобилан судманд ва таҳкими равобити дӯстонаи кишварҳои минтақа буду ҳаст. Ҳаракати озоди одамон, мол ва сармоя тайи солиёни истиқлолият ҳамеша сангҳои кунҷии сиёсати минтақаии мо буданду хоҳанд монд».

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳама мушкилоти минтақаиву ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа бояд тариқи идомаи муколамаву гуфтушунидҳои сиёсии ду ва чандҷониба ҳал шаванд.

Истиқбол аз Бердимуҳаммадов дар Қасри Миллат
Сафари расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ин бар алайи алайҳи пешниҳоди Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбакаш, ки ба зарурати экспертизаи тарҳҳои энержии кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ таъкид мекунад, гуфта буд, бояд экспертизаи обанборҳои минтақа низ баргузор шавад.

Коршиносон ҳамчунин обанборҳои бузург дар ҳудуди Ӯзбакистонро 5 адад ҳисоб карда буданд. Тоҷикистон бар ин ақида аст, ки фоҷиаи Арал ва мушкилоти муҳитизистӣ на дар тарҳҳои энержии кишварҳои болооб, балки дар ғайриоқилона истифода шудани об дар кишварҳои поёноб аст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, мехоҳад шакку гумонҳо дар бораи истифодаи захираҳои оби минтақа дар кишварашро, ки дар расонаҳои ҷаҳон ғайриоқилона номида ва таҳриф мешавад, бартараф кунад. Вай гуфт, воқеан Туркманистон дар биёбони Қароқурум як кӯли сунъӣ месозад, ки ҳадафаш ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи об аст.

Ӯ афзуд: «Солҳои тӯлонӣ, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ оби заминҳои кишт ба биёбон партофта мешуд ва дар натиҷа кӯлҳои намаку гирбитсидолударо ба вуҷуд овардад, ки хокро намаколудаву ботлоқ мекардад ва ба муҳити зист зиёни ҷуброннопазир мерасонданд. Имрӯз бо чашми сар мешавад дид, ки чӣ тавр ин ботлоқу намакҳо дар биёбон нест мешаванд ва муҳити зист барқарор мешавад. Мо ин корро ба хотири манофеъи наслҳои ояндаамон идома медиҳем».

Раисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин гуфт, ин тарҳ тибқи Конвенсиюни СММ дар бораи мубориза алайҳи биёбоншавӣ амалӣ мешавад ва барои он ним миллиард доллар ҷудо шудааст.

Туркманистон яке аз кишварҳои поёноби Осиёи Марказист, ки дар баҳси оби минтақа ҳамеша як гуна мавқеи наздик ба Тоҷикистонро мегирад. Соли гузашта раисҷумҳури ин кишвар аз дигар кишварҳои поёноб хоста буд, ки ба хотири нигаҳдории соҳилҳо ва истифодаи об ба Тоҷикистон пардохта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам моҳи октябри соли гузашта аввалин маротиба аз баҳри ширкат дар нишасти сарони ИДМ дар Маскав баромад ва ба Туркманистон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ рафт.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи расмӣ, гардиши мол дар соли 2009 миёни Тоҷикистону Туркманистон дар қиёс бо соли 2008 92 дарсад, тақрибан ба 64 миллион доллар афзудааст. Тоҷикистон аз Туркманистон умдатан тавлидоти нафтӣ, нерўи барқ ва маводи ғизоӣ ворид мекунад.

Раисҷумҳурони Туркманистону Тоҷикистон изҳор доштанд, ки мақомоти зидахли ду кишварро муваззаф кардаанд, то бо ҳамкоронашон дар Афғонистон тарҳҳои сохтмони роҳи нақлиётӣ, хатҳои интиқоли газу барқ миёни Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистонро мувофиқа кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG