Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи Сайвалӣ Нуров, вакили пешини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва номзади собиқи порлумон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Толибҷон Азимов, муовини додситони вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, бо анҷом ёфтани замони ваколати Сайвалӣ Нуров, 17-уми март нисбат ба ӯ, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда ифтитоҳ шудааст.

Муовини додситони Хатлон, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, Сайвалӣ Нуров дар авбошӣ, эҷоди монеъа дар татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва мудохила ба кори камисюни интихоботӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, Сайвалӣ Нуров, ки дар интихоботи моҳи феврали парлумонӣ дубора номзадии худро ба вакилии парлумони кишвар пешбарӣ карда буд, дар рӯзи баргузории раъйгирӣ - 28-уми феврал раиси қитъаи раъйдиҳии рақами 20-и ноҳияи Вахшро мавриди латукӯб қарор додааст.

Ғоиб Хоҷаназаров, раиси қитъаи раъйгирии №20, воқеъ дар ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш, дар сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд, ки дар воқеъ мавриди муштзӯрии номзад ба вакилии парлумон қарор гирифтааст.

Ӯ мегӯяд: «Вақте Нуров ба участкаи интихоботӣ омад, ҳол он ки ба ин ҳақ надошт, мо ӯро хуб истиқбол гирифтем. Вай як пирамардеро дид, ки дар дасташ бюллетенҳои худа шва ҳамсари дардмандаш буд. Вай ҳоло раъй надода буд. Бюлетенҳоро аз дасти мӯйсафед гирифта, ба замин ҳаво дод. Баъд Нуров як мушт ба даҳони ман зад ва хашмаш поин нашуда, ба пушти сарам муште дигар кӯфт. Баъдан дашномҳои зиёд дод, ки ҳама ҳозирон шоҳиди ин ҳол буданд…»

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти вокуниши собиқ номзад ба вакили парлумон Сайвалӣ Нуров бенатиҷа анҷом ёфтанд. Манобеъи наздик ба додситонӣ гуфтанд, ки пас аз эълони натоиҷи расмии интихобот ва мағлубияти Нуров дар ин маъракаи сиёсӣ, Сайвалӣ Нуров ба қасди як кишвари шарқӣ тарки Тоҷикистон кардааст.

Аммо собиқ номзад ба вакилӣ Сайвалӣ Нуров дар як тамоси қаблии телефонӣ гуфта буд, ки ҳодисаи гӯё латукӯб шудани раиси қитъаи раъйдиҳӣ аз ҷониби ӯ, бофтаи тахайюли рақибони сиёсиаш мебошад.

Ба иддаои ҷаноби Нуров, вай ба раиси қитъаи раъйдиҳӣ муштзӯрӣ накардааст, балки танҳо риояи қонуни интихоботӣ ва пешгирӣ аз тақаллубро талаб кардааст.

Сайвалӣ Маҷидович Нуров, аз соли 2005 то соли 2010 раиси камисюни оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар парлумон ва ҳамчунин узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба иқтисод, буҷа, молия ва андоз буд.

Сайвалӣ Нурови 52-сола, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, имсол дар ҳавзаи интихоботии Вахш-32 ба сурати инфиродӣ вориди корзори интихоботӣ шуда буд.

Оқои Нуров аз соли 1993 раиси ноҳияи Қумсангир буд. Солҳои 1998-2000-ум фаъолияташро дар вазифаи муовинии раиси вилояти Хатлон идома дод ва дар моҳи майи соли 2000-ум раиси ноҳияи Вахш таъин гардид. Пас аз 5 соли фаъолият дар ин маснад вай вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Дар зарфи фаъолияти вакилиаш факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Додситонии Хатлон гуфт, то анҷоми тафтиши парвандаи Сайвалӣ Нуров, аз ироаи ахбори бештар ва тафсилоти ин парванда худдорӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG