Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии мухолифони рус дар Астрахани Русия


Чанд нафар аз шахсиятҳои сиёсии мухолифон ва рӯзноманигорон дар шаҳри Астрахан даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Онҳо аз мақомот тақозо кардаанд¸ ки ба таъқиби фаъолони мухолифин дар минтақаи ҷанубии Русия хотима диҳанд. Олег Шейн-муовини раиси Думаи давлатии Русия ба бахши русии радиои Озодӣ гуфт, бар зидди фаъолони мухолифон дар шаҳри Астрахан дар зарфи шаш моҳи ахир чанд парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гуруснанишинон мегӯянд, ҳамаи ин парвандаҳо ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG