Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи апрел Бан Ки Мун ба Тоҷикистон меояд


Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли яке аз созмонҳои байналмиллалии муқими Душанбе, ки аз он ном бурда намешавад, хабар додааст, Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ моҳи апрел аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Ин боздид як рӯз давом мекунад. Бино ба хабари ин манбаъ, рӯзи тақрибии ин боздид 5-ӯми апрел дар назар гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин боздид Бан Ки Мун бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва масъалаҳои омодагӣ ба багузории як конфронси байналмиллалиро баррасӣ хоҳад кард. Конфронси мазкур зери назари СММ рӯзҳои 8-10-ӯми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс ба даҳсолаи байналмиллалии "Об барои ҳаёт" ихтисос хоҳад дошт. Солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмиллалии "Об барои ҳаёт" эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG