Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар аввалин иҷлосияи порлумони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоботи порлумониро «шаффоф, демократӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои байнулмилалӣ» унвон кард. Ҳамчунин, дар ин иҷлосия, раиси порлумон ва муовинону раисони кумитаҳо таъин шуданд. Порлумони Тоҷикистон бо тартибе ба кор сар кард, ки қаблан таҳлилгарон пешгӯӣ мекарданд. Дар робита ба таъсиси порлумони нав, бо Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ сӯҳбате анҷом додем.

Ҳамкории ҳукумат бо аҳзоб

Раҷаби Мирзо: -Аслан, тартибе, ки дар порлумони Тоҷикистон раёсат таъсис ёфт ва худи навҳаи интихобот бозгӯкунандаи он аст, ки аввалан дар Тоҷикистон нерӯҳои қавӣ ва муборизаҳои воқеии сиёсӣ ба назар намерасад. Бубинед, дар тамоми дунё раёсати парлумон бо чӣ гуна баҳсу даъвохо интихоб мешаванд. Ин баҳсҳо ҳатто қариб моҳҳо тӯл мекашанд. Аммо дар чанд дақиқа мунтахаб шудани раёсати парлумоне, ки интихоботаш ҳанӯз як чизи қобили пешбини буд, фикр мекунам, хоси кишварҳоест, ки парлумонро ба сифати шохаи мустақили давлати намедонанд ва донистан ҳам намехоҳанд! Ва ҳам чунин наҳваи интихобот бозгӯкунандаи он аст, ки аслан муборизаи сиёсӣ дар кишвар вуҷуд надорад ё ҳукумат ҳам онҳоро чунин намеҳисобад. Яъне дар баробари худ нерӯи сиёсиеро намебинад, ки ҳарфи онро лоиқи шунидан донад.

Баъдан, дар ҳошияи гуфтаҳои оқои Раҳмон дар мавриди муносибаташ бо аҳзоб метавон гуфт, ки дар ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба ҳизбҳои сиёсӣ мисли як сохтори худ, мисли як ҷузъи ҳукумат назар мекунанд, на мисли нерӯи алтернативӣ. Яъне, дар тамоми дунёи мутамаддин ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун як нерӯи сиёсӣ, қудрати сиёсӣ ва ҳаракате баромад мекунанд, ки афкори як кишри ҷомеаро ифода мекунанд ва қукуматқо дар асоси хостаҳои онҳо барномарезӣ мекунанд, аммо дар Тоҷикистон онҳоро ҳамчун як ҷузъи худашон мебинад ва хаёл мекунанд, ки вазифаи ҳар як ҳизби сиёсӣ танҳо аз пешниҳоди барномаҳои мушаххас оид ба пешгирӣ ва ё барҳам задани як мушкилоте аст, ки дар ҷомеа солҳои дароз вуҷуд дорад. Шояд дар чунин хулосабарории ҳукумат боз ҳам мо заъфи худи нерӯҳоро бинем, ки натавонистанд ба ҳукумат қудрати сиёсӣ ва тавонмандии худро ошкор кунанд. Вале, ба ҳар сурат, ман фикр намекунам, ки он чӣ гуфта шуд, дар бораи аҳзоби сиёсӣ ва истифода аз барномаи эшон барои ҳизбҳои сиёсӣ мояи ифтихор бошад. Зеро маълум аст, ки хар як гурӯҳи иҷтимои иҷроиши ин ё он барномаро, агар дорад, ба наҳваи худ мебинад ва ин иқдом аз зарфиятҳои як нерӯи роҳандозкунандаи онҳо бармеояд.

Озодӣ: -Як нуқтаи муҳими раисҷумҳур дар иҷлос ин буд, ки ба ҳизбҳо мегуфт, ки барномаҳояшонро дар самти мубориза бо фасод ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Пас маълум мешавад, ки ҳукумат ҳизбҳоро на ҳамчун нерӯи сиёсӣ эътироф мекунад?

Раҷаби Мирзо: -Пеш аз ҳама бояд гуфт, то ба имрӯз аслан ҳукумати феълии Тоҷикистон бо як барномаи мушаххаси худаш рӯи саҳнаи сиёсӣ наомадааст. Яъне ин ҳукумате нест, ки дар натиҷаи муборизаи ақидативу идеологи рӯи саҳна омада бошад. Ин ҳукумат аслан ҳамон ормонҳо ва барномаҳоеро амалӣ карданӣ мешавад, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои навадум зиёиёни рӯшанфикр ва гурӯҳҳои сиёсии қавӣ пешниҳод мекарданд. Ё агар ба назар бигирем, ба ислом рӯ овардани ҳукуматро дар чанд соли ахир наметавон гуфт, ки масалан идеяи баргузории конфронси Имоми Аъзам ба масъулини ҳукумат иртибот мегирад. Тавре ҲНИТ мегӯяд ин хостаи онҳо буд, ки баъдан нодуруст амалӣ шуд. Бо ҳамин, фикр намекунам, онҳое, ки қаблан ҳамин гуна назарҳо дар бораи як ҷомеаи демокративу миллӣ доштанд ва бо он чизе, ки бо ҳамин ном имрӯз дар Тоҷикистон мегузарад, мувофиқ бошанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба сифати як ҳукумат ва ё ҳизби ҳокими замони Шӯравӣ баромад кардан мехоҳад, ки ҳамеша аз дигарон чизе интизор дорад, ки барояш пешниҳод кунанд ва онро амалӣ гардонад. На ин ки дар заминаи як муборизаи воқеӣ дар ҷомеаи қавӣ тавонад, ки нерӯҳҳои қавӣ ва заифро маълум кунад ва барои чанд муддат ҳукуматро дар ихтиёри онҳо гузорад. Фикр мекунам, ки заъфи куллияи нерӯҳҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳукумат дар ҳамин ифода меёбад. Яъне ҷомеаи Тоҷикистон то ҳанӯз мавқеъ ва рисолати худро мушаххас накардаанд, аз ҷумла нерӯҳҳои иҷтимоияш.

Мубориза бо фасод...мубориза бо кӣ?

Озодӣ: -Оё ҳамин даъвати раисҷумҳур, ки ба ҳизбҳои сиёсӣ гуфт, ки «ҳама аз як гиребон сар барорем бар зидди фасод» заминаҳои амалӣ дорад? Дар ҳоле ки таҷриба нишон медиҳад, ки раисҷумҳур холисона бо ҳизбҳо ваъда медиҳад ва ё даъват ба амал меоварад, аммо ҳолат баръакс сурат мегирад....

Раҷаби Мирзо: -Ҳарфи наве нест, ки ҷомеаи Тоҷикистон фасодзада аст. Боз ҳам ин ҳарфи нав нест, ки дар дилхоҳ ҷомеае, ки фасод вуҷуд дорад, бояд иродаи сиёсии ҳукумат барои мубориза ба он басандагӣ кунад. Дар илми ҷомеашиносиву сиёсатшиноси ҳам чунин таъбире вуҷуд дорад, ки мубориза бо фасод ин маънои муборизаи ҳукумат бо худашро дорад. Ин маънои онро дорад, ки фасод аслан дар идораҳои давлатӣ сурат мегирад ва ҳукумате зарур аст, ки тавони икрори ин андешаро дошта бошад, ки бо намояндагони фасодзадаи худаш мубориза бурда тавонад. Аммо чомеаи точик то имруз надид, ки як мақоми баландпояро барои иқдомҳои фасодкоронаашон муҷозот карда бошанд. Сухан сари вазирону раисони кумитахо ва навохиву вилоёт меравад. Ба андешаи ман, ин маънои онро дорад, ки ҳукумат намехоҳад, ки фасодзадагии худро дар сатҳи боло ба намоиши мардум ва ҷомеаи байнулмилалӣ гузорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ман намедонам, то куҷо ҳизбҳои заъифи сиёсии Тоҷикистон метавонанд барномаҳоеро дар қиболи мубориза бо фасод пешниҳод намоянд ва имкони пешниҳод кардани маълумот дар заминаи фасодкории вазоратҳо ва сатҳи болоии онҳоро карда тавонанд. Чун худи хукумат омода нест, ин корро ба намоиш гузорад, ҳарчанд ба фасодзадагиаш иқрор аст. Агар икрор намебуд, чаро сохтори алоҳидаи мубориза бо фасодро ташкил мекард?

Вале ин хам дуруст аст, ки дар тамоми дунё мубориза бо фасод дар заминаи ҳамкорӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла бо ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар қишрҳои мардумӣ ба роҳ монда мешавад. Хуб, агар як муборизаи дастаҷамъона ҳам гирифта шавад ва ҳеҷ мақоми баландпояе мавриди муҷозот нагирад, ман бовар надорам, ки ҷомеаи Тоҷикистон бовар кунад, ки дар кишвар мубориза бо фасод бо таври густурда ба роҳ монда шудаасту онро ҷиддӣ гирифтаанд. Ин бори дигар далолат ба он мекунад, ки чунин мубориза танҳо ба иродаи сиёсии ҳукумат ва дар мисоли кишварҳое чун Тоҷикистон аз иродаи сиёсии як нафар бармеояд.

Озодӣ: - Фасод дар сохторҳои давлатӣ шакл гирифтааст, аксарияти вакилони ҲХДТ, ки 54 курсиро ишғол кардаанд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимият, умуман мансабдорон буданд... Пас ин порлумон чӣ хел бо фасод мубориза мебарад?

Раҷаби Мирзо: - Чизе, ки Шумо мегуед, як аксиома аст ва дар шароити кишвархое чун Точикистон - нонсенс. Бубинед, аксарияти он нафароне, ки акнун курсиҳои порлумониро касб карданд, онҳое ҳастанд, ки то ба ин ҷо омадан дар ҳукуматҳои иҷроия рисолат доштанд. Иддаи дигар дар сохторҳои дигари давлатӣ дар садри раисони кумитахо ё вазорат фаъолият доштанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешуд, маҳз дар мақомоти ҳокимияти иҷроия фасодзадагӣ бештар аст. Пас оё чунин раванд эҳтимоли муборизаи вокеи бо фасод дар парлумонро зери шубҳа намебарад?

Яъне аз интихоботи ахири Точикистон чунин хулосае ҳосил намешавад, ки як гурӯҳи одамонро аз як шохаи ҳокимият ( иҷроия) ба шохаи дигар (қонунгузорӣ) овардаанд? Оё онҳое, ки аз як шоха ба шохаи дигар меоянд, чи коре карда метавонанд? Оё онҳо воқеан ҳам мехоҳанд ба «ҳамкасбони феълияшон» дар ҳокимияти иҷроия «душворӣ» пеш биёранд? Дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон чунин аксуламалро ман чандон воқеи намедонам…

Порлумони пешгӯишаванда

Озодӣ: - Ҳатто таҳлилгарон раис ва муовинати порлумонро қаблан аллакай тахмин зада буданд...

Раҷаби Мирзо: -Порлумони навини Тоҷикистон тақрибан дар заминаи ана ҳамон пешгӯиҳое, ки қаблан гуфта мешуд, интихоб гарид. Ҳатто курсиҳои раис ва муовинони он ҳам. Фақат як тағийроти ҷузъӣ дорад, ки ин навбат ҳукумат ба хулосае расид, ки ба намояндагони ВМКБ ҳам як курсии муовинат дода шавад. Ва Шаҳбозов бо намояндагӣ аз Бадахшон дар он курсӣ шинонида шуд. Ҳарчанд, ки дар порлумонҳои қаблӣ ин як курсиро ба намояндагони навоҳии тобеии марказ медоданд. Манзурам, дар даъватҳои қаблӣ Убайдулло Давлатов буд, ки холо низ вакил аст, аммо муовини раиси парлумон не. Ҳамин қадар фарқ дорад, дигар ягон фарқияти комил дида намешавад дар раёсати феъли.

Озодӣ: -Оқои Раҷаб, интихоботи ба қавле «шаффоф» ва бисёр содда ҳамин интихоботи раиси порлумон аст. Манзурам, дар 20 дақиқа вакилон раиси пешниҳод кардаи раисҷумҳурро шитобкорона дастгирӣ мекунанд. Ҳатто баҳсу баррасӣ сурат намегирад. Пас ин ифодагари чӣ аст?

Раҷаби Мирзо: - Ин ифодагари он аст, ки ин порлумон ҳам ҳамон вазифаҳоеро хоҳад дошт, ки порлумонҳои қаблӣ доштанд. Яъне, ҳамон гуна, ки мисли порлумони қаблӣ ҳарфҳои аз қабл маълуми ҳукумати иҷроияро лаббайк хоҳад гуфт. Ин пешгӯии ман аст ва ман Худо мегӯям ки он иштибоҳ бошад.

Озодӣ: -Порлумони нав то куҷо метавонад нуфузи хешро нисбати порлумони қаблӣ боло барад ва зиндагии мардумро беҳбуд бахшад. Албатта, дар назар дорам, қабули қавонини ба дарди мардум мерасидаро?

Раҷаби Мирзо:- Порлумони нав тавонмандии дигар кардани зиндагии мардумро надорад.Зеро гуфтаанд ва мегӯянд ки ин парлумон ва вакилонаш аз раъйи мардум не, аз хостаи ҳукумат хосил шудааст. Агар чунин аст, он чаро хостаи мардумро иҷо кунад, на аз ҳукуматро ки онхоро интихоб кардааст?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG