Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти хонум Клинтон дар Маскав оғоз шуд


Музокироти Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Маскав бо мақомоти расмии Русия оғоз шуд. Вай дар ин музокирот аҳдномаи Русияву Амрико роҷеъ ба коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ва барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад. Инитизор меравад, ки дар ин боздид хонум Клинтон ҳамчунин бо мақомоти аршади чаҳоргонаи музокироти байналмиллалии сулҳи Ховари Миёна мулоқот кунад. Ба ин чаҳоргона Амрикову Русия, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG