Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ғолибони мусобиқа саҳмияи "Роғун" медиҳанд


Бино ба иттлои хабаргузории "Авеста", 19-ӯми март дар ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Данғара дар чаҳорчӯбаи ҷашни Наврӯз мусобиқаи варзишгарон дар навъи гӯштини миллӣ баргузор мешавад. Ба ғолибони мусобиқа саҳмияҳои ниругоҳи барқи обии Роғунро тақдим мекунанд. Гузашта аз ин, ғолибон ҷоизаҳои дигар низ аз қабили автомобили сабукрав ва ҷоизаҳои пулию молии дигар дарёфт хоҳанд кард. Интизор меравад, ки руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Туркманистон бар ҷараёни ин мусобиқа назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG