Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди дурӯзаи Ҳилларӣ Клинтон аз Маскав оғоз шуд


Боздиди дурӯзаи Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Маскав оғоз шуд. Вай дар ҷараёни боздиди худ бо мақомоти расмии Русия дар бораи аҳдномаи нави коҳиши аслиҳаи ҳастаии Амрикову Русия ва дар бораи барномаҳои зиддунақизи Эрон гуфтугӯ хоҳад кард. Инитизор меравад, ки дар ин боздид хонум Клинтон ҳамчунин бо мақомоти аршади чаҳоргонаи музокироти байналмиллалии сулҳи Ховари Миёна мулоқот кунад. Ба ин чаҳоргона Амрикову Русия, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо дохил мешаванд. Мулоқоти Клинтон бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷа ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG