Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигористони наврӯзии соли 1990


Наврӯз дар замони Шӯравӣ ба сурати умумӣ ва расмӣ таҷлил намешуд, вале ҳамеша дар хонаводаҳо, махсусан дар рустоҳо ҷашн гирифта мешуд.

Ба ҳамин далел ҳам, сабаби зинда монданаш ҷой доштан дар қалбҳои мардум ва таҷлил шуданаш алорағми мухолифати ҳукуматҳо буд.

Дар поёни солҳои 70-ум баъди муборизаҳои гурӯҳе аз зиёиён иҷозаи таҷлили Наврӯзро доданд, аммо на ба номи Наврӯз, балки ба номи Иди баҳор. Дар рӯзномаҳо Иди баҳор менавиштанд, Наврӯз навиштан манъ буд, аммо мардум Наврӯз мегуфт.

Тоҷикистон аввалин ҷумҳурии Шӯравӣ буд, ки Наврӯзро бо номи Наврӯз таҷлил кард, бо пуштибонии Бобоҷон Ғафуров. Баъдан Озарбойҷон аз Тоҷикистон пайравӣ намуд.

Аввалин ҷашни расмии Наврӯз дар хиёбони Ленин баргузор шуда буд ва шояд пуршукӯҳтарин Наврӯз дар таърихи Тоҷикистон буд.

Аммо аксҳои ин матлаб таърихи таҷлили Наврӯз дар соли 1990-ро нақл мекунанд. Ин аксҳо моли Тӯхтамурод Рӯзиев мебошанд, ки аз ӯ барои ин аксҳо хеле муташаккир ҳастем. Аксҳое аз ҷаноби Рӯзиев аз талҷил Наврӯз дар соли 1983-ро аллакай нашр карда будем.

Хонандагони гиромӣ! Агар шумо низ аксҳои наврӯзии солҳои қаблро доред, ва агар мехоҳед, ки он аксҳои шуморо ҳазорон нафари дигар бубинанд, пас саҳифаи «Хабарнигори Мардумӣ» дар хидмати шумост.
XS
SM
MD
LG