Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқот бахшида ба Иди Наврӯз


Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон мусобиқоти идона баргузор мешавад.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Рӯзи 19-уми март дар ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Иди Наврӯз оид ба гуштии миллӣ барпо мегардад. Ҳамзамон дар ин ноҳия сабқати бузкашӣ ва пойгаи аспдавонӣ сурат мегирад. Ғолибони мусобиқоти наврӯзӣ бо ҷоизаҳо, аз он ҷумла ғолибони мутлақи сабқати паҳлавонӣ ва пойгаи аспдавонӣ бо ҷоизаҳои аслӣ -мошинҳои сабукрав ва Ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар сарфароз мешаванд.

21-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Инчунин рӯзи якшанбе дар Ипподром ё майдони аспдавонии пойтахти кишвар сабқати бузкашӣ ва аспдавонӣ доир хоҳад шуд. Ба ғолибони ин мусобиқот низ тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун супурда хоҳанд шуд».


Ба иттилоъи Алимаҳмад Мирзоев бахшида ба Иди Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз гуштии миллӣ, аз рӯи навъҳои маъмули варзиш, ба мисли шоҳмоту шашка, волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва ғайра мусобиқот доир мешавад.

Рӯзҳои 28-ум ва 29-уми март бошад, дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба гуштии самбо баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG