Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҲНИТ, тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва таъйини роҳбари нави маъмурияти раисҷумҳур, нахустин иҷлосияи порлумони ҷадиди Тоҷикистон ва интихоби раиси он ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил шудани Наврӯз мавзӯъҳои асосии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қарор гирифтаанд.

Нашрияҳои «Миллат» ва «Тоҷикистон» бо чопи аксҳои бузурге аз Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар сафҳаҳои аввали худ навиштаанд, ки ҲНИТ нафареро аз даст дод, ки баъди сари Нурӣ дар тамоми давраи фаъолияти ин созмони сиёсӣ нафари дуюм ҳисобида мешуд.

«Миллат» зери унвони « Яке аз пояҳои суботи Тоҷикистон даргузашт», зиндагӣ ва корномаи пешвои рӯҳонии ҲНИТ-ро ба баррасӣ гирифта, менависад, «дар сиёсат Ҳимматзода мактабу равиши хосаи худро дошт. Сиёсати ӯ эҳсосӣ набуд, ақлонӣ буд».

«Азия-плюс» низ аз маросими ҷанозаи оқои Ҳимматзода гузориши мусаввареро ба нашр расонида, менависад, дар ин маросим 5 ҳазор тан иштирок дошт. Вале ба фарқ аз маросими мотами Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз мақомоти расмӣ касе дар он ҳузур надошт.

Яке дигар аз мавзӯоти нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта таъйини раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» акси калони Матлубхон Давлатов, роҳбари нави маъмурияти раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафҳаи аввали худ чоп карда, ва дар сифати роҳбарии ӯ навиштааст, ки ба фарқ аз роҳбари пешини Дастгоҳ ӯ бо доираи васеъи қисми зиёӣ ва равшанфикри ҷомеа шиносоӣ дорад. Ин имкон медиҳад, ки президент аз маълумотҳои на он қадар хуб низ огоҳ шавад.

«Фараж» бо нашри матлабе дар бораи иҷлосияи аввали порлумони ҷадиди Тоҷикистон навиштааст, ки аксари курсиҳои маҷлис боз ҳам дар дасти ҲХДТ аст. Аз ин рӯ, аз ҳоло метавон гуфт, ки порлумони нав низ по ба пойи ҳокимияти иҷроия хоҳад рафт. Нашрия менависад, ҳарчанд Шукурҷон Зуҳуров, як шахсияти мавриди эҳтиром ва соҳибтаҷриба аст, аммо гумон аст, ки битавонад симои Маҷлисро, ки хоболуду сокит муаррифӣ шудааст, тағйир бидиҳад.

«Озодагон», нашрияи дигари мустақил зери унвони «Гашти нави Кабирӣ:-тарс, дипломатия ё муҳофизакорӣ», як гузориши таҳлилеро мунташир кардааст, ки дар он мавқеъи масъулони ҲНИТ дар пробита ба интихоботи порлумонӣ арзёбӣ мешавад. Муаллифи матлаб менависад, вақте ин ҳизб интихоботи порлумониро золимона қаламдод карда ва гуфт, ки имкон дорад намояндагонаш ба Маҷлис нараванд, бештари коршиносон мегуфтанд, ки ин як сӯҳбатҳои то ба охир таҳлилнашуда ва аз сари эҳсосгуфтаи раиси ин ҳизб аст. Ва ниҳоят худи раиси ҲНИТ низ дарк кард, ки ба ҳар сурат порлумон як ҷоест, ки аз он метавон истифода кард ва нарафтан ба он бештар бар зарари худи ҳизб хоҳад буд.

Ва ниҳоят чӣ хеле гуфтем, Наврӯз ва ҷашну маросимоти наврӯзӣ яке дигар аз мавзӯъоти асосии ин ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбест.

«Пайкон» навиштааст, аз он ки дар Амрико ва дар Созмони милали муттаҳид аз Наврӯз ба унвони як ҷашни воқеӣ ва умумимардумӣ истиқбол карданд, месазад, ки мардуми тоҷик ифтихор дошта бошад. Ба навиштаи ин нашрия, шаке нест, ки дар ояндаи наздик ин ҷашн ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил хоҳад шуд, ки метавонад дар таҳкими ваҳдату сулҳу субот дар саросари сайёра нақш бигзорад.
XS
SM
MD
LG