Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали паҳлавонони тоҷик дар Бишкек


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии камарбандӣ дар шаҳри Бишкек чаҳор медал – 1 нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин сабқати қитъавӣ, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, ҳудуди 80 нафар занону мардон аз 15 кишвари ҷаҳон, ба мисли Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Эрон ва Ҳиндустон аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо қувваозмоӣ карданд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Мурод Тӯйчиев (аз шаҳри Истаравшан) дар рақобатҳо дар вазни мутлақ мақоми дуввумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардид.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Ҳалимҷон Ҷӯраев (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) дар вазни то 75 кг ва Ҳусниддин Тошмуродов (Истаравшан) дар вазни то 81 кг - ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Дар сабқати занон Зӯҳро Турсунова (ноҳияи Спитамен) дар вазни то 63 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
XS
SM
MD
LG