Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъиятҳои тоҷикони Русия дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар Наврӯзи соли 2010-ро ҳамроҳ дар шаҳри Ярославл ҷашн мегиранд.

Шоҳини Самад, масъули дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ин тасмим дар пайи пешниҳоди раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ярославл бо номи «Сомониён», Р. Мирзохоҷаев гирифта шудааст.

Ҷашни умумирусиягии Наврӯз-2010 дар Ярославл 23-юми март доир хоҳад шуд. Бино бар маълумоти сафорат, Маркази фарҳангии «Сомониён» ба меҳмонони худ барномаи консертии намояндагони ҷамъиятҳои миллии ин қаламрав, намояндагони минтақаҳои дигари Русия, ҳунармандон аз Тоҷикистон, аз ҷумла гурўҳи «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷўраевро омода кардааст.

Ҳамчунин, мусобиқоти гуштигирӣ миёни паҳлавонони минтақаҳои гуногуни Русия ва низ дигар озмунҳои варзишиву фарҳангӣ гузаронида мешавад. Намоишгоши асбобҳои миллии мусиқӣ, сару либоси миллии тоҷикона ва дигар дастовардҳои расму оинҳои тоҷикӣ низ дар назар будааст.

Дар Наврўз-2010 дар Ярославл интизор меравад Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия ва намояндагон аз созмонҳои тоҷикон дар шаҳрҳои гуногуни Русия иштирок кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG