Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон дар Маскав чӣ хоҳад гуфт?


Қарор аст, имрӯз Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, дар шаҳри Маскав, аҳдномаи нави коҳиши силоҳҳои стротежӣ, барномаҳои атомии Эрон ва дурнамои музокироти сулҳ дар Ховари Миёнаро бо мақомоти Русия баррасӣ кунад. Хонум Клинтон имрӯз бо Сергей Лавров – вазири умури хориҷа, ва фардо бо Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, дидору мулоқот хоҳад кард. Вилям Бурнс – муовини вазири умури хориҷаи Амрико, ки хонум Клинтонро ҳамроҳӣ мекунад, ба хабарнигорон гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар амри таҳияи аҳдномаи нави коҳиши силоҳҳои стротежӣ, ки бояд аҳдномаи мӯҳлати эътибораш ба поён расидаи соли 1991-ро иваз кунад, ба пешрафти чашмгир ноил шудаанд. Аммо гуфт Вилям Бурнс маълум нест, ки аҳдномаи ниҳоӣ кай такмил хоҳад шуд. Интизор меравад, Ҳилларӣ Клинтон бо мақомоти Русия масъалаи эъмоли таҳримоти нави байналмилалӣ ба зидди Эронро баррасӣ намояд.
XS
SM
MD
LG