Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Дар муносиботи ИМА ва Исроил бӯҳрон нест"


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, барномаи Исроил барои бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ барои ҷараёни сулҳ дар Ховари Миёна кӯмакунананда набудааст. Аммо гуфт ӯ, ин масъала муносиботи Амрико бо шарики наздикаш Исроилро ба бӯҳрон дучор накардааст. Барак Обама дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии "Фокс Нюс" гуфт, Амрикову Исроил “паймони махсусе доранд, ки аз байн рафтанӣ нест.” Вале гуфт, Барак Обама дӯстон баъзан ихтилофи назар ҳам доранд. Ҳукумати Амрико эъломи Исроил дар мавриди бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқиро маҳкум кард, ки ин изҳорот ҳафтаи гузашта зимни сафари Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Тел Авив садо дод. Исроил қасд дорад, дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ барои яҳудиён 1600 манзили нав бунёд кунад, ки фаластиниён ин шаҳрро пойтахти кишвари ояндаи худ медонанд. Барномаи мазкури Исроил, музокироти ғайримустақими Фаластиниён бо Исроил бо миёнҷигарии Амрикоро зери суол бурд.
XS
SM
MD
LG