Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз рӯзи зодрӯзи марҳум Отахон Латифӣ аст


Имрӯз 18 март рӯзи таваллуди Отахон Латифӣ - рӯзноманигори маъруфи тоҷик аст, ки соли 1998 кушта шуд. Отахони Латифӣ дар солҳои шастуми асри гузашта вориди майдони матбуот шуда, ибтидо дар рӯзномаи "Комсомолская Правда" ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи "Правда", органи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо гузашти андак вақт ба ҳайси як хабарнигори забардаст дар майдони матбуоти шӯравӣ муаррифӣ мешавад. Соли 1989 Отахони Латифӣ ба мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин мешавад вале баъди ду сол худ аз ин вазифа истеъфо медиҳад. Дар поёни соли 1992 тарки Тоҷикистон карда ду солро дар Маскав ва се соли дигари муҳоҷираташро дар Теҳрон ба сар мебарад. Латифӣ дар нахустин даври музокироти сулҳи тоҷикон дар баҳори соли 1994 дар Маскав раҳбарии ҳайъати Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар ӯҳда дошт. Отахони Латифӣ баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ ба Душанбе бармегардад ва аз моҳи сентябри соли 1997 дар симати раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ фаъолият мекунад. Ӯ дар ин вазифа як соли пурра, то кушта шуданаш дар таърихи 22 сентябри соли 1998 фаъолият кард. Отахони Латифӣ - соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, пешаи хабарнигориро дар донишгоҳи шаҳри Ленинград, Санкт-Петербурги имрӯзаи Русия меомӯзад.
XS
SM
MD
LG