Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Туркия барои ихроҷи арманиҳо аз кишвар


Бо он ки танишҳо ба сари куштори дастаҷамъии арманиҳо аз тарафи туркони усмонӣ авҷ мегирад, Раҷаб Тайиб Эрдӯғон – нахуствазири Туркия таҳдид кард, ки ҳазорон арманиро аз қаламрави кишвараш хоҳад ронд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ба бахши туркии Би Би Си гуфт, кишвараш метавонад, тахминан 100 ҳазор арманиро, ки бидуни иҷоза дар Туркия кор мекунанд, ихроҷ намояд. Нахуствазири Туркия ҳамчунин гуфт, наслкушӣ хондани куштори дастаҷамъии арманиҳо аз сӯи порлумони Шветсия ва як кумитаи Маҷлиси Намояндагони Амрико метавонад, ба талошҳо барои мусолиҳаи Туркия бо Арманистон садамаи бештар бизанад.
XS
SM
MD
LG