Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди вакили собиқи Эрон аз тасмими ҳукумат


Фотимаи Ҳақиқатҷӯ - вакили собиқи порлумони Эрон, тасмими мақомоти расмӣ дар мавриди муттавақиф кардани фаъолияти ҳизби ислоҳталаби Ҷабҳаи Мушорикати Исломиро башиддат интиқод кард. Вай ба бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим яке аз қонуншиканиҳои зиёди ҳукумат, дар нӯҳ моҳи баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн гузашта аст. Ба гуфтаи Фотимаи Ҳақиқатҷӯ, баъди саркӯбии чеҳраҳо ва матбуот, акнун навбати аҳзоб расидааст ва раҳбарони низоми исломӣ мехоҳанд, даҳони ҳамаро бубанданд. Фотимаи Ҳақиқатҷӯ боздоштани фаъолияти бузургтарин ҳизби ислоҳталаби Эронро на тасмими додгоҳӣ, балки як тасмими сиёсӣ ва "комилан ғайриқонунӣ" хонд. Ҷабҳаи Мушорикати Исломӣ дар интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн, аз номзадии Мирҳусайни Мӯсавӣ ҳимоят мекард.
XS
SM
MD
LG