Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъоли мухолифини қирғиз "ғайб зад"


Имрӯз яке аз фаъолони мухолифини қирғиз дар шаҳри Ӯш ба таври асроромез ғайб зад. Азиза Абдурасулова, раиси як созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Равшан Ғафуров бояд барои ширкат дар қурултойи мухолифин аз Ӯш ба Бишкек сафар мекард. Дӯстонаш барои ӯ мошин фиристоданд ва аммо пайвандонаш гуфтанд, ки Ғафуров дар мошини ношиноси дигар шаҳрро тарк намудааст. Дар куҷо будани Равшан Ғафуров то ҳол маълум нест ва баъд аз тарки шаҳри Ӯш ӯ бо касе ҳам дар тамос нашудааст.
XS
SM
MD
LG