Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Покистон лулаи интиқоли газ бунёд мекунанд


Мақомоти Покистон имрӯз дар бораи ҳосили созиш бо Эрон дар мавриди бунёди лулаи газ хабар доданд. Вазири нафти Покистон Саид Навид Қамар ин созишро “комёбии таърихӣ” номид. Қарор аст, тавассути ин лула, ки бунёдаш соли 2015 анҷом меёбад, аз чоҳи гази Форси ҷанубӣ ба Покистон 750 миллион мукааб газ интиқол дода шавад. Ин лулаи газ барои Покистон хело муҳим аст, зеро ин кишвар солҳои ахир ба камбуди газ дар зимистон ва қатъи нерӯи барқ дар тобистон мувоҷеҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG