Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯмандтарин кишвари Иттиҳоди Аврупо аз нуқтаи назари иқтисодӣ - Олмон пешниҳод кардааст, ки ИА шароити маҳрум намудани кишварҳои саркаш аз истифодаи пули умумӣ-евроро баррасӣ кунанд.

Ба қавли кантслери Олмон Ангела Меркел, ин иқдом бояд чун "муҷозоти олӣ" дар муқобили кишварҳое пиёда шавад, ки ба таври доимӣ қонунҳои гардиши пули умумиро нодида мегиранд.

Кантслери Олмон аз минбари парламенти кишвараш афзуд, Паймони устуворӣ ва рушди Иттиҳоди Аврупо, ки гардиши евроро муқаррар кардааст, барои рафъи бӯҳрони кунунӣ кифоят намекунад. Ба ақидаи раҳбари олмонӣ, феълан, евро бо "бузургтарин таҳдид" аз замони оғози гардишаш мувоҷеҳ шудааст.

Вакилони мардумии Олмон суханони Меркелро бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд. Аксари онҳо ба тақдими кумаки молӣ ба Юнон, як кишвари бо варшикастагӣ рӯбарӯ шудаи минтақаи евро майл нишон намедиҳанд. Аслан, суханони Меркел такрори машваратҳои вазири молияи Олмон Волфганг Шаубле мебошанд, ки имкони ихроҷи кишварҳои саркаш аз минтақаи евроро матраҳ намуд.

Феълан, касри буҷети Юнон ба 12,7 дарсади маҷмӯъи тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар баробар аст. Ин вазъ боиси нигарониҳои сармоягузорон ва коҳиши қурби евро гардидааст. Баъзе коршиносон тахмин мекунанд, ки дигар кишварҳои минтақаи гардиши евро аз ҷумла Испания ва Португалия имкон доранд, ки бо чунин вазъи ногувор рӯ ба рӯ шаванд.

Ба ҳар ҳол, дар поёни паёмаш хонум Меркел бо ишора ба ҳамбастагии аврупоӣ ваъдаи кӯмак кард ва гуфт, ки дар шароити бӯҳронӣ набояд кишварҳоро ба ҳоли худ гузошт.

Дар оғози ин ҳафта дар Брюссел вазирони молии минтақаи евро барномаи кӯмак ба Юнонро баҳс карданд. Бар пояи он, Юнон бояд собит кунад, ки хароҷоташро бо даромадаш мутобиқ хоҳад кард. Яъне, ба истилоҳи тоҷикӣ "Юнон бояд пояшро мутобиқ ба кӯрпааш дароз кунад".

Ба қавли Меркел, дар ҳоли ҳозир, кумаки фаврӣ аҳволи Юнонро беҳбуд намебахшад, зеро Юнон бояд мушкилиро барои дарозмуддат решакан кунад.
XS
SM
MD
LG