Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: 80% баргаҳои раъй шумурда шуданд


Амал ал-Бараиқбар, як тан аз масъулини Комиссияи мустақили олии интихоботии Ироқ ахиран эълом дошт, ки 80 дарсади баргаҳои раъй дар интихоботи парлумонии Ироқ баршумурда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар интихоботи рӯзи 7-уми март эътилофҳои сарвазир Нурӣ ал-Моликӣ ва раиси пешини кобинаи вазирон Иёд Алавӣ тақрибан раъйҳои баробарро ба даст овардаанд. Гуфта мешавад, то имрӯз эътилофи “Ироқия”-и Алавӣ аз эътилофи “Ҳукми қонун”-и ал-Моликӣ 9 ҳазор камтар раъйҳоро соҳиб шудааст. Эътилофи миллии Ироқ, ки гурӯҳҳои шиамазҳаби кишварро муттаҳид сохтааст, дар сабқати интихоботӣ дар хатти саввум ҷойгир аст. Эътилофи Куристон, ки ба он ду ҳизби асосии вилояти мухтори Курдистон шомиланд, барои дар қатори чаҳор нерӯи аслии сиёсии кишвар ҷой гирифтан имкони бештар дорад.

Гуфта мешавад, 20 дарсад раъйҳое, ки ҳанӯз ҳисобу китоб нашудаанд, шояд тавозун миёни ду нерӯи аслӣ - эътилофи “Ироқия”-и Алавӣ аз эътилофи “Ҳукми қонун”-и ал-Моликиро каме тағйир диҳад ва аммо возеҳ аст, ки ҳеҷ яке аз ин нерӯҳо аз бартарии комил дар парлумон бархурдор нахоҳад шуд.

Имрӯзҳо дар Бағдод музокироти ду эътилофи асосӣ бо дигар гурӯҳҳои вориди парлумоншуда идома дорад. Интизор Алавӣ, яке аз пайвандони нахуствазири пешини кишвар, ки дар садри феҳристи эътилофи “Ироқия” қарор дорад, ахиран ба хабаргузориҳо гуфт, онҳо бо Эътилофи миллии Ироқ ва Эътилофи Курдистон музокироти мусбат ва судманд анҷом доданд. Нурӣ ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ, низ имрӯз аз ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ даъват кард, ки дар атрофи Эътилофи “Ҳукми қонун” ҷамъ биёянд.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи мустақили олии интихоботии Ироқ ҳушдор дод, ки эълони натоиҷи ниҳоии раъйдиҳӣ ба таъхир меуфтад. Додрас Қосим ал-Абудӣ, зимни суханронӣ аз номи комиссия гуфт, барои эълони натоиҷи ниҳоии интихобот ба чанд рӯзи дигар ниёз доранд.

Мушкил дар эълони натоиҷи ниҳоӣ баъд аз он ба миён омад, ки нерӯҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла, эътилофи “Ироқия” ва эътилофи “Ҳукми қонун” аз тақаллубу қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ шикоят карданд. Ва аммо кормандони СММ, ки ба Комиссияи мустақили олии интихоботӣ дар баргузории ин маъракаи сиёсӣ кумак мекарданд, хабари тақаллубҳои густурдаро рад карданд.

Имрӯз рушан аст, ки парлумони нав аз парлумони пешин тафовути зиёд хоҳад дошт. Тайи чаҳор соли ахир парлумон зери назорати Эътилофи миллии Ироқ - эътилофи гурӯҳҳои шиамазҳаби кишвар қарор дошт. Ин эътилоф дар нахустин интихоботи парлумонӣ дар Ироқи баъд аз сари Саддом Ҳусейн бар асари он пирӯз шуд, ки суннимазҳабҳо он маъракаи сиёсиро таҳрим карда буданд. Ва аммо сунниҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ ширкат ва асосан аз эътилофи “Ироқия”-и Алловӣ пуштибонӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ИМА умедворанд, ки интихоботи парлумонӣ дар Ироқ роҳро барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ҳамвор месозад. Вашингтон мехоҳад то охири моҳи августи соли равон теъдоди низомиёнашро дар Ироқ 50 ҳазор камтар кунад. Афсару сарбозоне, ки дар ин кишвар боқӣ мемонанд, фақат дар амалиётҳои ғайринизомӣ ва тамрини низомиёни ироқӣ ширкат хоҳанд кард. Генерал Дэвид Петреус, ахиран дар нишасти комиссияи Сенат изҳори итминон кард, ки ҷадвали хуруҷи ҳама низомиёни амрикоӣ аз Ироқ то охири соли 2011 риоя хоҳад шуд. Ҳамзамон, ӯ гуфт, авзоъ дар Ироқ ҳассос боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, имкони бознигарии ҷадвали хуруҷ ҳам мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG