Пайвандҳои дастрасӣ

Таксин Шиноват шаҳрванди Черногория шуд


Мақомоти Черногория тайид карданд, ки сарвазири собиқи Таиланд Таксин Шиноват дар ин кишвар ба сар мебарад ва шаҳрвандии Черногорияро дарёфт кардааст. Дар бораи он ки Шиноват чӣ гуна ба дарёфти шаҳрвандии ин кишвари Югославияи собиқ муваффақ шудааст, иттилоъ дода намешавад. Таксин Шиноват, ки қаблан дар Дубай ба сар мебурд, рӯзи 13 март вориди Черногория шуд. Сарвазири пешини Таиланд соли 2006 бар асари кудато аз мақом барканор гардид. Мақомоти феълӣ ӯро дар фасод муттаҳам мекунанд. Имрӯзҳо ҳазорон ҷонибдорони Шиноват дар Таиланд бо баргузории намоишҳои эътирозии густарда истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи қабл аз вақтро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG