Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурултойи қирғизҳо бар зидди президент ва писараш


Рӯзи 17-уми март дар хиёбони назди ситоди мухолифони қирғиз, воқеъ дар Бишкек, ҳазорҳо нафар барои ширкат дар анҷуман ё қурултои мардумӣ гирдиҳам омаданд.

Шумораи умумии иштирокчиёни он бештар аз панҷ ҳазор нафар тахмин карда шуд. Ба гуфтаи мубтакирони анҷуман, бо вуҷуди монеагузориҳои ҳукумат ин теъдоди мардум аз соири вилоятҳои Қирғизистон ба Бишкек омаданд. Вале вазорати дохилаи Қирғизистон теъдоди ширкатдорони анҷумани мардумӣ дар Бишкекро як ҳазору сесад нафар гуфт.

Дар маҳалли истиқрори анҷумани мардумӣ ҳафт хаймаи бузург зада шуд, ки рамзи ҳафт вилояти Қирғизистонро ифода мекунад. Иштирокчиёни қурултои мардумӣ шиорҳои «Нест бод раёсати оилавӣ!», «Озодӣ ба генерал Исоқов!», «Ба радиои Озодӣ-озодӣ!», «Гурйевич бояд ба додгоҳ кашида шавад!» ва амсоли онро дар даст доштанд. Ҳамчунин, дар миёни издиҳоми мардум парчамҳои ҳизбҳои сиёсии «Ата Мекен», «Сотсиал-демократ» ва «Ақ Шумқор» парафшон буд, ки гуфта мешавад, аҳзоби мухолифи ҳукумати Боқиев муаррифӣ шудаанд.




Анҷуман вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъқиби мухолифони сиёсӣ, маҳдудиятҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва ислоҳоти Қонуни асосиро баррасӣ кард. Роза Отунбоева, раиси гурӯҳи тадорукотии таъсиси қурултои мардумӣ, гуфт, сарватҳои кишварашро аввал президенти собиқ Аскар Оқоев ба ғорат бурд ва ҳоло хонаводаи Боқиев ин сарватро ҳамчун моли худ ба хориҷиён мефурӯшад. Роза Отунбоева афзуд, ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор қирғиз бехонумон мондаанд ва дар кишварҳои бегона бо ранҷу азоб ба сар мебаранд.

Ба таъкиди Роза Отунбоева, панҷ сол муқаддам баъди расидагӣ ба қудрат президент Боқиев ваъдаҳои зиёд дод, ки ҳаёти мардумро беҳбуд хоҳад бахшид, вале вай аз ӯҳдаи иҷрои ин ваъдаҳои худ баромада натавонист. Отунбоева мегӯяд, вале мардум ҳаргиз муросо нахоҳад кард, ки ҳамаи боигариҳои Қирғизистон зери дасти Максим Боқиев, писари президент, бимонанд.

Айтбой Ҷиеналиев, раиси гурӯҳи ташаббуси «Озодӣ ба генерал Исоқов», гуфт, баъди аксуламалҳо дар ноҳияи Олойи вилояти Ӯш иштирокчиёни он мавриди таъқиби ҳукумат қарор гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, то ин ҳукумат сари қудрат ҳаст, дар Қирғизистон вазъ беҳбуд нахоҳад ёфт.

Омурбек Текебоев, раиси Ҳизби «Ата Мекан», сиёсати сиёсиву иқтисодии ҳукумати Боқиевро сахт интиқод кард. Вай афзуд, чанд иншооти стротегии кишвараш ба даст ашхосе дода шудааст, ки аслан аз манфиатҳои миллии кишвараш дифоъ намекунанд. Ба гуфтаи Омурбек Текебоев, вале нерӯи мухолифон фақат аз роҳи муборизаи софу беолоиш ин ҳукуматро аз байн хоҳад бурд.

Ба гуфтаи Темир Сариев, раиси Ҳизби «Ақ Шумқор», рӯзи таъсиси анҷумани «Ваҳдат», ки ҳукумат 23-юми март дар филармонияи давлатӣ баргузор хоҳад кард, дар хиёбони назди ин филармония як тазоҳуроти густардае таъсис дода ва талабҳои худро дар миён хоҳанд гузошт.

Ба гуфтаи ширкатдорони анҷуман, бо айби президент Боқиев ва писари ӯ Максим Боқиев Қирғизистон ба бӯҳрони шадиди молӣ мувоҷеҳ шудааст. Аз ин лиҳоз, анҷуман чунин мешуморад, ки ба фурӯш гузоштани иншооти муҳими стротегӣ лағв шавад ва иншооте, ки бо нархи ночиз фурӯхта шудаанд, рӯзе ба тасарруфи давлат дубора баргардонида хоҳанд шуд. Анҷуман талаб кард, ки маҳбусони сиёсӣ бояд аз ҳабс озод шаванд ва парвандаҳои ҷиноӣ дар муқобили Аликбек Ҷекшенқулов ва Қубаничбек Қодиров қатъ гардад. Ҳамчунин анҷуман вориди тағйирот дар Қонуни асосиро дар миён гузошт ва талаб намуд, ки писарони президент Боқиев -Марат ва Максим, бародаронаш Ҷаниш, Одил ва Марат аз мақомҳояшон барканор шаванд. Озодии баён барқарор шуда, фишору таъқиб болои журналистон хотима ёбад.

Анҷуман қарор кард, ки як ниҳоди махсус таҳти сарварии депутати парлумон Роза Отунбоева таъсис ёбад, ки иҷрои ин талабҳои анҷумани мардумиро назорат кунад. Баъди қабули қатънома анҷумани мардумӣ ба кори худ хотима бахшид.

Раванди анҷумани мардумиро як гурӯҳ ходимони умури интизомӣ таҳти назорат гирифта буданд. Аммо анҷуман бидуни мудохилаи онҳо пароканда шуд.

Тибқи хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, дар вилояти Норин низ беш аз севуним ҳазор одамон гирдиҳам омада ва талабҳои иқтисодиро дар миён гузоштанд.

Ба ин тартиб, қарор аст, ки дар сурати иҷро нашудани талабҳои анҷумани мардумии Бишкек ва тазоҳуроти мардуми Норин 28-уми март дар соири вилоятҳои Қирғизистон тазоҳуротҳои густарда роҳандозӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG