Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани мухолифини қирғиз анҷом ёфт


Дар шаҳри Бишкек анҷуман ё қурултойи мухолифини қирғиз баргузор шуд. Дар қатъномаи анҷуман аз ҳукумат талаб шудааст, ки қимати маводи сӯхтро поён барад, муассисаҳои стратегии хусусгардонидашударо дубора дар ихтиёри давлат қарор диҳад, маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо раҳо намояд ва пахши дубораи барномаҳои Радиои Азаттик – бахши қирғизии Радиои Озодиро таъмин кунад.
Раҳбарони мухолифин ва манбаъҳои мустақил хабар доданд, ки дар анҷуман беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доштанд. Ва аммо масъулини вазорати умури дохила теъдоди ширкаткунандагони қурултойро 1300 нафар ҳисоб карданд. Қурултой дар хиёбони канори ситоди иттиҳоди мухолифин баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG