Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоми расмӣ алайҳи шаҳрвандони ИМА дар Покистон


Дар Покистон ба панҷ шаҳрванди ИМА иттиҳоми ширкат дар фаъолиятҳои террористӣ эълон шуд. Ҳамаи онҳо – мусалмонҳои ҷавон аз вилояти Вирҷиния – моҳи декабри соли гузашта дар шарқи Покистон боздошт шуда буданд. Шаҳрвандони Амрико дар он муттаҳам мешаванд, ки бо ошӯбгарони мухолифи ҳукумат робита барқарор карданд ва мехостанд дар Покистон ва дигар кишварҳо ҳамлаҳои террористиро ба роҳ монанд. Дар сурати тайид шудани ин иттиҳом, ба онҳо ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад. Ҳамаи боздоштшудаҳо иттиҳоми расмиро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG