Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тармарезӣ дар Майхура ҷони 8 нафарро гирифт


Бар асари тармарезӣ дар минтақаи Майхураи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 нафар ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар беному нишон шудаанд.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи "Пайкон", яке аз шоҳидони ҳодиса, ба радиои Озодӣ чунин иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тармарезӣ зуҳри имрӯз рух дода, беш аз даҳ нафар мусофирро ба коми худ кашидааст.

Ҷаноби Толибов ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Душанбе дар мавзеи миёни тунели Анзоб то Майхура шоҳиди ин ҳодиса шудааст. Вай гуфт, "ду мошине, ки аз паси меомаданд, ҳангоми канда шудани тарма дар они воҳид нопадид шуданд. Ва дар ин мошинҳо чанд мусофир буд, равшан нест".

Вай мегӯяд, пас аз ин ҳодиса бо талошҳои мусофирони наҷотёфта ва сокинони маҳаллӣ се нафар аз зери тарма зинда ва ҷасади 5 нафари дигар берун оварда шудааст. Ҳамзамон якчанд мусофири дигар то ба ҳол дар зери тармаанд.

Ҷаноби Толибов мегӯяд, аз ҳодиса якчанд соат гузаштааст, вале то ба ҳол ягон гурӯҳи наҷотбахшон ба ин маҳал нарасидааст.

Ҳамзамон ин қазияро дар Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки як гурӯҳи наҷотбахш ба ин маҳал сафарбар шудааст.

Бино ба иттилои шоҳидони ҳодиса, бо резиши тарма дар ду тарафи тарма беш аз 500 мошин дармондаанд ва интизори кушоиши роҳ ҳастанд.

Майхура дар 60-километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст ва яке аз минтақаҳои тармахез маҳсуб мешавад. Давоми якчанд моҳи ахир борҳо бар асари тармарезӣ дар ин минтақа садҳо мусофирон дар банди он монда буданд. Вале имсол барои аввалин бор аст, ки тармарезӣ ҷони якчанд нафарро мегирад.
XS
SM
MD
LG