Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳо аз сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон

Интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз мавзуоти меҳварии гуфтугӯҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо ҳамтои тоҷикистониаш Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе номида мешавад.

Ин сафари расмӣ фардо баргузор мешавад. Давлат Назрӣ, сухангӯи аршади Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳои раҳбарони ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ ва як меморандум дар бораи ҳамокриҳои ду кишвар имзо хоҳад шуд.

Аммо на сухангӯи Вазорати хориҷа ва на вазоратҳои дигар нагуфтаанд, ки кадом қарордод ва ё санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо хоҳад расид.

Вале то ҷое, ки мо иттилоъ дорем, Туркманистон ва ширкати «Барқи тоҷик» санадеро дар бораи интиқоли барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон дар фасли зимистон имзо хоҳанд кард.

Дар ҷустуҷӯи роҳи нав

Интизор меравад, ки мавзӯи интиқоли гази Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон низ дар ин музокирот матраҳ шавад. Худойбердӣ Холиқназаров, вазири хориҷаи вақти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ва таҳлилгари маркази пажӯҳиши стратегии дафтари раёсати ҷумҳурӣ, дар бораи самтҳои ҳамкории Туркманистон ва Тоҷикистон чунин ибрози назар кард:

«Дар ҳоли ҳозир барномаи сохтмони роҳи оҳан аз Ишқобод то Марв ва Мазори шарифи Афғонистон то минтақа Панҷи Поёни Тоҷикистон рӯи кор аст ва дар паҳлӯи ин сохтмони хатти лӯлаи газ аз Туркманистон то Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон низ матраҳ аст, ки дар сурати иҷрои ин барнома мо метавонем гази Туркманистонро мустақим ба Тоҷикистон ворид кунем».

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар воридоти газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ аст. Мушкили аслии Душанбе ва Тошканд дар мавриди воридоти газ ба пешпардохти пули газ рабт дорад, ки Тоҷикистон тавони онро надорад. Ба ин далел коршиносон баъид медонанд, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ин замина тавофуқ ҳосил шавад.

Умед ба кумаки Туркманистон

Аммо Тоҷикистон метавонад бо Туркманистон дар мавриди саноати газ ва сохтмони хатти интиқоли газ ба мардум дар дохили кишвар қарордод имзо кунад.

Дар ҳоли ҳозир 5 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла ширкати «Тетис петролиум»-и амрикоӣ ва ширкати «Газпром»-и Русия ба кашфу истихроҷи газ дар Тоҷикистон машғуланд ва захоири гази табиӣ дар Тоҷикистон то 800 миллиард метри мукааб тахмин зада мешавад.

Қарор буд, дар авоили соли 2010 манбаи гази Комсомолский дар атрофи шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор бигирад ва ин манбаъ ба хатти шабакаҳои гази дохилӣ пайваст шавад. Вале ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, Вазорати саноат ва энержӣ ба далели надоштани тавони фаннӣ ва молӣ натавонист ин барномаро иҷро кунад.

Вале Туркманистон, ки дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ ва тавони моливу фаннӣ дорад, метавонад дар иҷрои ин барнома кумак кунад.

Роғун - мавзуи доғи музокирот

Мавзӯи дигаре, ки метавонад дар ин гуфтугӯҳо матраҳ бошад, масъалаи ризоият ва пуштибонии Туркманистон аз нерӯгоҳи Роғун аст ва мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, тарафи Туркманистонро мутақоид созанд, ки сохтмони обанбор ва нерӯгоҳ ба нафъи кишварҳои поёноб, бахусус Туркманистон ва Узбакистон аст.

Туркманистон ва Узбакистон ҳануз дар соли 1939 аз давлати вақти Шӯравӣ тақозо карда буданд, ки барои обёрии миллионҳо ҳектор заминҳои бекорхобида дар Туркманистон ва Узбакистон дар мавзеи Роғуни рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон обанбор ва нерӯгоҳ сохта шавад.

Вале ахиран раисиҷумҳури Туркманистон то ҷое дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғон аз мавқеи Узбакистон пуштибонӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG