Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов фардо вориди Душанбе мешавад


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 18 март бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Қарор аст, ки ин сафар ду рӯз идома ёбад. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ба хабаргузориҳо гуфт, ки баробари вуруд ба Душанбе раҳбари Туркманистон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад. Дар поёни ин дидору гуфтугӯ руасои ҷумҳуриҳо изҳороти муштарак пахш хоҳанд кард. Сипас, музокироти густардаи ҳайатҳои ду кишвар доир мешавад, ки дар поёни он шаш қарордоди байнидавлатӣ ва миёни вазоратхонаҳо имзо хоҳад шуд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 18 март ҳамчунин бо раиси нави Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот ва аз Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон дидан мекунад. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, қарор аст, ки рӯзи 19 март Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Данғара ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG