Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз инфиҷор дар як бинои Лашкаргоҳ ҷилавгирӣ шуд


Дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, ду ифротгарое, ки мехостанд худро дар бинои созмони байнулмилалии хайрия инфиҷор кунанд, ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, дар ин ҳодиса як корманди Созмони байнулмилалии осоиш ва рушд (International Relief and Development) ҷароҳат бардоштааст. Аҳмадӣ афзуд, ки дар ҷараёни тирандозӣ камарбанди яке аз ҳамлагарон инфиҷор шуд ва аммо фақат худи ӯ ба ҳалокат расид.

Лашкаргоҳ дар минтақае ҷойгир аст, ки он ҷо нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон ҳамлаи густарда алайҳи ҷунбиши “Толибон”-ро ба роҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG