Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 35 нафар дар як садама дар Соланг


Дар ағбаи Соланги Афғонистон бар асари бархурди автобус ва мошини боркаш 35 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин садама мошини боркаш оташ гирифтааст. Вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод, ки автобус аз Кобул сӯи шимоли кишвар ҳаракат мекард. Миёни қурбониёни ҳодиса занону кудакон низ ҳастанд. Чанд тан аз мусофирон бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол дода шуданд.
XS
SM
MD
LG