Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бархе аз манотиқи Бадахшон тибқи одати бостонӣ расм аст, ки мардум бо анҷоми хонатакконӣ бо шохаҳои дарахти борвар ва ё арчаи сафеди наврӯзӣ қадам ба остонаи хона мегузоранд.

Шогун баҳор муборак!

Арчаи наврӯзӣ ва ё «ғулғула» хушаи серҳосили гандумро ба ёд меорад ва устоҳои маҳаллӣ онро аз шохи бед тайёр мекунанд.
Аҳли ҳар як хонавода бо ин шохаи гулкоришудаи бед ва бо муборакбодии «Шогун баҳор муборак!» ба хона ворид мешаванд.

Кадбонуҳо бо қабули таҳният ва суханони «Бар рӯи Шумо муборак!» бо дасти рост ба китфи рости воридшудагон, ки ҷойгоҳи нерӯи некӣ маҳсуб мешавад, орд мепошанд ва арчаи наврӯзиро чун рамзи бахту иқболи нек ва рӯзгори пурбаракат то наврӯзи оянда дар хонавода нигоҳ медоранд.

Қурбонмамадшо Мирзошоев, устои маҳаллӣ, мегӯяд, ҳангоми омода кардани арчаи наврӯзӣ аз нозукӣ ва нармии шохаи бед фоли нек гирифтааст, ки соли нав соли серҳосил ва пур аз файзу фаровонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ, вай ҳунари тарошидани арчаи наврузӣ аз чуби бедро аз устои мумтоз Бобоҷон ёд гирифтааст. Вай меафзояд, агарчи дар назари аввал тайёр кардани «ғулғулаи наврӯзӣ» кори саҳл менамояд, аммо гулкории чуб ва ба шакли хушаи гандум даровардани он малакаи махсус талаб мекунад.

Ба фикри усто, арчаи наврӯзӣ дар хонаводаҳо ҷойи хушаи пурбори гандумро мегирад ва азбаски ниёгон дар фасли баҳор бурридани дарахтонро убол медонистанд, ин нақшро бо маҳорати махсус дар гулкории чуби бед ғунҷониданд.

Маросими хонатаконӣ

Дар Бадахшон мардум субҳи имрӯзу, чаҳоршанбе ба хонатаконӣ пардохтанд ва ранги алвонии чодару болишт ва қолинҳои ба пешвози офтоб ороста, дар назди манзилҳои сокинони ду соҳили рӯдхонаи Панҷ аз оғози ин маросими бостонӣ шаҳодат медод.

Хонатаконӣ тибқи одат ҳангоме анҷом дода мешавад, ки офтоб ба бурҷи ҳамал наздик ва рӯз чаҳоршанбе бошад. Зеро тибқи эътиқодот, мардум рӯзи чаҳоршанберо фоли нек барои оғози корҳои азим ва нав буридану нав пӯшидан ва аҳду паймон кардану дарахт шинондану ният кардан донистаанд.

Хонатаконӣ ҷашни хонаводагии наврӯзист. Мардум бо тулӯи офтоб кулли асбобу анҷоми хонаро ба берун мебароранд ва дар ҷойи намоён ва нурафкан мемонанд, ки онро маросими «сурхбаророн» ҳам мегӯянд ва хонаро ҷоруб мезананд.

Сабоҳат Донаёрова, як сокини шахри Хоруғ, баён дошт, ки аз субҳи имрӯз бештари хонаводаҳо барои иҷрои маросим тараддуд доштанд , аммо бархе хонаводаҳое, ки ба кор дар муассисаҳо банд ҳастанд, хонатаккониро 21-уми март анҷом медиҳанд.

«Хидирайём»

Ба гуфтаи фарҳангшинос Лаълҷуббаи Мирзоҳасан, мардуми Бадахшон Наврӯзро «Хидирайём» ва ё «Иди бузург» меноманд ва мурод аз анҷоми маросими хонатакконӣ ба пешвози рӯзи нав ва соли нав зоҳиран ва ботинан пок шудан аст.

Маросими хонатакконӣ бо бастани ҷорубҳои махсус бо дасти кадхудои хонавода оғоз мешавад. Бо ин ду ҷоруб, ки якеро пиёдаҷоруб ва дигареро савораҷоруб меноманд, бо яке сақф ва дигаре фарши хонаро тоза мекунанд, бо ибораи дигар неруҳои аҳриманиро аз манзил берун намуда, ба даромади соли нав ва фариштаҳои некиву накукорӣ омода мекунанд.

Лаълҷуббаи Мирзоҳасан меафзояд, ҳануз ду ҳафта пеш аз таҷлили Наврӯз марум ба тозаву сафед кардани хонаҳо, боғу роғҳо, оташдонҳо шурӯъ мекунанд ва дар ин рӯз либосҳои наву тозаро ба бар менамоянд.

Анъанаи фоландозӣ

Дар бархе аз маҳаллоти дурдасти Бадахшон анъанаи фоландозӣ боқӣ мондааст, ки рӯзи хонатакконӣ ба ҷо оварда мешавад. Муҳаққиқ Лаълҷуббаи Мирзоҳасан мегӯяд, ки кадбонуҳо дар ин рӯз хӯроки махсус бо номи бат - аз орду шир ва қанду равған тайёр мекунанд.

Ҳангоми пухтани хурок бибии хонавода чӯби ғалтакро, ки бо он хамирро тунук мекунанд, болои даҳанаи дег монд, бо гирифтан номи ҳар як узви хонавода болои он кафи орд мепошад ва бинобар эътиқодот, ҳангоми гирифтани номи касе орди бештар рӯи ғалтак монаду ба дег нарезад, ҳамон нафарро иқбол ва саодати бештаре дар соли нав интизор ҳаст.

«Ай падар бархезу наврӯзи бидеҳ»


Ба бачаҳо дар ин рӯз таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешавад ва онҳоро дар ҳар як хонавода савғотиҳо интизор ҳастанд. Бачаҳо ғуруби офтобро интизор шуда, гурӯҳ-гурӯҳ барои гирифтани ин савғотиҳо ва ба ҷо овардани маросими шоландозӣ ба боми хонаҳо мебароянд.

Шолро аз равзан ба хона меандозанд ва бо қироати шеъри наврӯзи ва талаби «Ай падар бархезу наврӯзи бидеҳ, То туро раҳмат кунад парвардигор» аз кадхудои хона кулчақанду чормағз ва навъҳои шириниҳои дигар ва ё пул идона мегиранд.

Аммо бархе аз бачаҳое, ки дар маросими хонатакконӣ ба иҷрои маросими шоландозӣ ва дарёфти ҳадяҳои наврӯзӣ фурсат наёфтаанд, мегӯянд, ки рӯзҳои таҷлили расмии ҷашни Наврӯ барои гирифтани савғотиҳояшон болои бом мешаванд.

Аммо бо поёни хонатакконӣ мардум ба хонагаштак мепардозанд. Онҳо ба манзили ҳамдигар меҳмон мешаванд ва ҳамдигарро ба ифтихори Иди бузурги оғозҳои нек бо суханони «Шогун баҳор муборак» таҳният мегӯянд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, вожаи «Шогун» ё «Шоҳгон», яке аз номҳои остонии ҷашни Наврӯзи аҳди ориёӣ буда, маънои сайид, хуҷаста, рйзи нав ва соли навро доштааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG