Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дохилаи Қирғизистон роҳпаймоии мухолифинро, ки ин лаҳзаҳо дар шаҳри Бишкек идома дорад, хилофи қонунгузориҳои ин кишвар арзёбӣ кардааст.

Дар роҳпаймоии мухолифин ҳудуди ду ҳазор нафар ширкат дорад.

Ҷақипбек Азизов, муовини вазири дохилаи Қирғизистон, эълон кардааст, ки баргузоркунандагони роҳпаймоӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Ба таъкиди ӯ, ин роҳпаймоиҳо дар кӯчаҳои шаҳри Бишкек ба ҳаракати нақлиёт ва низоми ҷамъиятӣ халал мерасонанд.

Вале Роза Отунбоева, депутати парлумони Қирғизистон ва раиси гурӯҳи тадорукотии роҳпаймоӣ, гуфтааст, гирифтани пеши роҳи ҷунбишҳои мардумӣ ҳаргиз ба суди суботи кишвараш нест.

Роҳпаймоии мухолифин дар ҳолест, ки қаблан дар назди бинои дафтари САҲА дар Бишкек дар робита ба қатъи пахши барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст.

Ин тазоҳурот дар миёни намояндагони доираҳои мухталифи Қирғизистн вокунишҳои зиддунақизро ба бор овард. Турсунбек Ахун, Омбдусмени Қирғизистон, аз фишорҳои ҳукумат ба озодии баён ибрози ташвиш кард.

Ба гуфтаи Турсунбек Ахун, радиои Озодӣ дар кишвар як манбаи асосии иттилооти дақиқу тоза маҳсуб мешавад. Бино ба суханони ӯ қатъи пахши барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ ҳуқуқи бештар аз ду миллион шунавандаи он дар Қирғизистонро поймол хоҳад кард.

Турсунбек Ахун мӯътақид аст, ки ин ҳодиса танишҳои иҷтимоии кишварашро беш аз пеш тавсеа хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG