Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ботақозиев аз боздоштгоҳи Душанбе ғайб задааст


Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон, ки гуфта мешуд дар боздоштгоҳи муваққати Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, ба таври асроромез ғайб задааст.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ бародари ӯ, Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадтоҳируғлӣ хабар дод. Вай гуфт, кормандони ин боздоштгоҳ ба суоли ӯ оид ба сарнавишти бародараш танҳо ҳаминро гуфтаанд, ки чизеро намедонанд. Дар ҳоле, ки қаблан Ботақозиев бо бародараш дар ин боздоштгоҳ дидор карда буд.

Муҳаммадсолеҳ мегӯяд, кӯшишҳояш барои мушаххас кардани ҷои будубоши бародараш то кунун бенатиҷа анҷомидаанд.

Рӯзи 26 феврал дар расонаҳо аввалин бор хабари нопадид шудани Ботақозиев пайдо шуда буд. Вале баъдтар масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан хабари нигаҳдории Неъматулло Ботақозиев дар қабулгоҳи махсуси оворагардони Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони “Молодая Гвардия”-ро тасдиқ карда буданд.

Онҳо гуфта буданд, ки Ботақозиев аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шуда, ҳоло тафтиши қазияи ӯро маъмурони Кумитаи амнияти миллӣ ба ӯҳда доранд. Вале акнун дубора хабари нопадид шудани Ботақозиев ба дасти расонаҳо мерасад.

Вай барои дархости паноҳҷӯӣ ба Тоҷикистон омада буд ва бори ахир ӯро кормандони дафтари Кумисариёи олии Созмони Милал дар умури паноҳҷӯён дар шаҳри Душанбе дидаанд.

Ботақозиев аз соли 2008 ба ин сӯ мавриди таъқиби кормандони ниҳодҳои интизомии Қирғизистон қарор дошт. Мақомоти ин кишвар ӯро барои даст доштан дар ташкили тазоҳурот муттаҳам мекунанд

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қаблан аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда ва аз эҳтимоли боздошт ва ба дасти мақомоти Қирғизистон супурдани Ботақозиев ҳушдор дода буданд. Ин нигаронӣ акнун бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG