Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои тозаи интихоботи порлумонии Ироқ


Бар асоси натиҷаҳои тозаи муқаддамотии интихоботи порлумонии Ироқ, эътилофи Иёд Алавӣ - нахуствазири собиқи Ироқ дар интихобот пешсаф шуда ва эътилофи Нурӣ Ал-Моликӣ нахуствазири феълиро ақиб гузоштааст. Натиҷаҳои шумориши бахше аз оро нишон додааст, ки эътилофи дунёвӣ ва ва мураккаб гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ дар саросари Ироқ 9 ҳазор бештар раъй ба даст овардааст. Бино ба гузоришҳо, бо он ки ҳанӯз 20 дар сади оро шумурда нашудааст, маълум нест, ки кадоме аз ин аҳзоб, аксарияти 325 курсии порлумони Ироқро ба даст меорад. Ҳизби Ҳукумати Қонуни нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ аз миёни 18 вилоят дар ҳафтои он раъйи бештари мардумро соҳиб шудааст ва эътилофи Аёд Алавӣ дар панҷ вилоят пешсаф будааст.
XS
SM
MD
LG