Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иёд Алавӣ пешсафи интихоботи Ироқ шуд


Бино ба натиҷаҳои тозаи интихоботи порлумонии рӯзи 7 март дар Ироқ, Иёд Алавӣ - нахуствазири собиқ, Нурӣ Ал Моликӣ нахуствазири феълӣ ва пешсафи интихоботро ақиб гузоштааст. Иёд Алавӣ, ки ҳизбаш дунявӣва иборат аз намояндагони мазҳабҳои гуногуни Ироқ аст, бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ дар панҷ вилояти кишвар пешсаф аст. Вай ҳимояти бештари суннимазҳабони ироқиро ба даст овардааст, ки мехоҳанд нуфузи аз даст додаи худ баъди суқути Саддом Ҳусайн дар соли 2003-ро дар Ироқ ба даст биёранд. Ҳизби Ҳукумати Қонуни Нурӣ Ал-Моликӣ, ки эътилофи шиъамазҳабон аст, аз миёни 18 вилоят дар ҳафтои он пешсаф аст, аммо дар манотиқи суннинишин раъйи каме ба даст овардааст. Барои шумориши натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумони Ироқ ҳафтаҳо зарур аст.
XS
SM
MD
LG