Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои санади муҳиме миёни Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ


Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди рушди арсаи энержӣ дар Тоҷикистонро имзо кардаанд, ки бар асоси он қарор аст, тарҳи нерӯгоҳи Роғун арзёбӣ шавад. Хабаргузории расмии “Ховар” рӯзи сешанбе гуфт, санади мазкурро рӯзи 12 март Оқил Оқилов – нахуствазири Тоҷикистон ва Ранҷит Ламек – намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, имзо кардаанд. Бар асоси ёддошти ҳусни тафоҳум, Бонки Ҷаҳонӣ арзёбии фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла арзёбии таъсири он ба муҳити зист ва ҳамчунин кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро анҷом медиҳад. Бунёди обанбори азим барои ин нерӯгоҳ, боиси тирагии равобити Ӯзбакистон бо Тоҷикистон шудааст. Тошканд метарсад, ки дар сурати бунёди обанбор барои киштзорҳои васеъаш оби кофӣ нахоҳад дошт. Дар сурати бунёд, нерӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ халос шуда ва метавонад ба як содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил шавад.
XS
SM
MD
LG