Пайвандҳои дастрасӣ

Петреус:"Рӯзҳои сахте дар Афғонистон дар пеш аст"


Генерал Дейвид Петреус – фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои Амрико, дирӯз гуфт, ҷанг дар Афғонистон, “пеш аз он ки сабуктар шавад, ғолибан сахттар хоҳад шуд.” Дейвид Петреус ба Кумитаи Низомии сенати Иёлоти Муттаҳида гуфт, ба андешаи вай, нерӯҳои Амрико қодир ба ақиб задани Толибон хоҳанд буд, ки дар авохир фаъол шудаанд. Дар робита ба Ироқ, генерали Амрико гуфт, интизор дорад, кишвараш онгуна ки барномарезӣ кардааст, то охири моҳ теъдоди сарбозонашро дар Ироқ аз 97 ҳазор то ба 50 ҳазор нафар коҳиш хоҳад дод: "Пешрафт дар Ироқ ҳанӯз шикананда аст ва метавонад бозпас зада шавад. Ироқ ҳанӯз ҳам чолишҳои бешуморе пеши рӯ дорад, ва онҳо ғолибан зимни ҷараёни мушкили интихоби нахуствазир, раиси ҷумҳур, раиси Шӯрои нави Намояндагон ва дигар масоили муҳим намоён хоҳад шуд." Дейвид Петреус дар иртибот ба Эрон гуфт, талошҳои ин кишвар барои сохти бомби атомӣ зоҳиран “андаке” кундтар шудааст ва ибрози итминон кард, ки Эрон имсол бомби атомӣ нахоҳад сохт.
XS
SM
MD
LG