Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди тазоҳургарони фаластинӣ бо нерӯҳои пулис


Бо афзоиши танишҳо дар мавриди эъломи Исроил барои бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ, тазоҳургарони фаластинӣ дирӯз дар ин ҷо бо нерӯҳои пулис бархӯрд карданд. Ин тазоҳургарон ҳамчунин алайҳи ифтитоҳи як канисаи бостонии яҳудиён дар шаҳри қадимаи Байтулмуқаддас эътироз мекарданд. Созмони Ҳамос, ки Навори Ғаззаро таҳти контрол дорад, рӯзи гузаштаро “рӯзи хашм” алайҳи ишғоли Байтулмуқаддаси Шарқӣ аз тарафи Исроил хонд ва ҳазорон нафар фаластинӣ дар он минтақа раҳпаймоӣ карданд. Тарҳи бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки ҳангоми сафари Ҷо Байден – вазири умури хориҷаи Амрико, ба Исроил эълом шуд, мояи як бӯҳрони ҷиддии дипломатӣ миёни ду кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG