Пайвандҳои дастрасӣ

Ду афсари милисаи Русияро зиндонӣ мекунанд


Ду афсари пулиси Русияро дар шаҳри Қӯрғон бо гуноҳи латӯкуби як сокини маҳаллӣ ба чаҳор солии зиндон маҳкум кардаанд. Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, Александр Бураков ва Роман Калугин ба он гунаҳкор дониста шуданд, ки сокини сархуши маҳаллиро дар кӯчае дошта ва бераҳмона латӯкуб кардаанд. Бо вуҷуди он ки ҳарду нафар худро бегуноҳ ва иттиҳомотро бепоя хондаанд, додгоҳ онҳоро гунаҳкор донистааст. Бар асоси ҳукм, ин ду нафар ҳамчунин аз ҳаққи кор дар ниҳодҳои интизомӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG