Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрик Ҳолдер мегӯяд, Бен Лодан то додгоҳ намерасад


Эрик Ҳолдер - додситони кулли Амрико, ба конгресси ин кишвар гуфт, Усома Бен Лодан ҳеҷ гоҳ дар Иёлоти Муттаҳида муҳокима нахоҳад шуд, зеро зинда ба даст нахоҳад афтод. Вай гуфт, эҳтимоли боздошти раҳбари Ал-Қоида “бениҳоят хурд” аст ва тахмин кард, ки ӯро ё нерӯҳои амрикоӣ хоҳанд кушт, ё одамони худаш, то зинда дастгир нашавад. Эрик Ҳолдер ба кумитаи сенат гузориш медод, ки масъалаи таъхири муҳокимаи Холид Шайх Муҳаммад – тарҳрези ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ба Амрикоро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG