Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти камисюни муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон


Дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи саввуми Камисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд.Ҷаласаи ҳайатҳои корӣ дар чор бахш, энерживу об, нақлиёт, тиҷорат ва фарҳанг идома дорад.

Ҳайати Афғонистонро вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандевол ва ҳайати Тоҷикистонро Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсия раҳбарӣ мекунанд.

Қарор аст фардо вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандевол бо Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ мулоқот анҷом диҳад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, тарҳҳои энержӣ умдатарин бахши баррасиҳои Кумиссиюни муштараки Афғонистону Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Инженер Форуқ, муовини вазири энерживу барқи Афғонистон гуфт, ду кишвар чандин тарҳи энержиеро рӯи даст доранд, ки иддае дар ин ҷаласа ниҳоӣ мешаванд ва иддаи дигар дар ҳоли баррасиянд.

Оқои Форуқ афзуд, ҳоло мавзӯъи асосии сӯҳбат интиқоли барқ аз нерӯгоҳи “Сангтӯда - 1” аст, ки хатти интиқоли онро Тоҷикистон то Шерхон-Бандар то моҳи май ба анҷом хоҳад дод ва ин хатро Афғонистон то Қундузу Пули Хумрӣ ва Кобул то охири сол хоҳад расонд. Вай афзуд: «Тарҳи дигаре, ки рӯи даст дорем, пружаи CASA 1000 аст. Тибқи ин тарҳ, бояд 1300 мегават барқ ба ҷануб равад. Аз ин 1000 мегаватро Покистон мегирад ва 300 – ашро Афғонистон».

Тарҳи дигар, интиқоли барқи Тоҷикистон ба вилоятҳои марзии Афғонистон, Қундузу Тахору Бадахшон аст, ки сармоя гузориашро Бунёди Оғохон ба зимма гирифтааст.

Муовини вазири энерживу барқи Афғонистон мегӯяд, тарҳи дигари муҳим дар қисмати Бадахшонҳои Тоҷикистону Афғонистон таҳти унвони «Омуи Улё» дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва он интиқоли барқу об ба Афғонистон ва об ба Тоҷикистонро дар назар дорад.

Вай афзуд, дар ин қисматҳои ду кишвар минтақаҳое вуҷуд доранд, ки агар як тараф замин дорад, об надорад, аммо ҷониби дигар метавонад дар ин самт кӯмак кунад.

Оқои Форуқ афзуд, тарҳи дигаре, ки фардо бояд рӯяш тавофуқ ҳосил шавад, интиқоли барқи Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон аст: «Барқи Туркманистон ҳароратист. Аз газ ҳосил мешавад. Дувоздаҳ моҳ газ ҳасту барқ ҳам. Барқи Туркманистон доимист. Барқи Тоҷикистон обист. Мо онро барқи мавсимӣ мегӯем. Яъне об ҳаст, барқ ҳаст, об нест, барқ нест. Ҳамзамон мо ду кишвар муштарак мехоҳем аз Туркманистон барқ гирем. Ин тарҳ ҳам кор карда шуда, дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст».

Ба гуфтаи оқои Форуқ, як тарҳи дигар интиқоли гази Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи Афғонистон аст.

Тибқи иттилоъи расмӣ, Тоҷикистон ҳамарӯза ба Афғонистон 35 мегават барқ содир мекунад ва акнун созишномае дар ҳоли ба тасвиб расидан аст, ки ин ҳаҷм ба 300 мегават расонида шавад.

Мавзӯъи дигари баррасиҳои Кумиссиюни муштараки Афғонистону Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Эрон тариқи Афғонистон аст, ки ба қавли мақомот, ниҳоӣ шуда ва марҳалаи иҷрояш фаро расидааст.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло ҳудуди 25 дарсади содироту воридоти Тоҷикистон тариқи Афғонистон сурат мегирад ва дар ҳоли ҳозир 66 дарсади воридоташ ба ИДМ рост меояд. Ин рақам дар соли 2005 85 дрсад будааст. Тоҷикистон аз Афғонистон умдатан атриёту масолеҳи нассоҷӣ ворид мекунад, вале аз қаламрави ин кишвар аз Покистон масолеҳи сохтмонӣ, меваҳои ситрусӣ, сабзавот ва аз Ҳиндустон дорувориву дигар масолеҳи саноати сабукро ворид мекунад.

Тибқи иттилоъи мақомоти Афғонистон, гардиши мол дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар 52 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 6 миллион доллар ба Афғонистон ва бақия ба Тоҷикистон рост меояд. Ин рақам дар соли 2008 35 миллион будааст. Аз Тоҷикистон ба Афғонистон гандум, равғани растанӣ, нурӣ, гилем, чӯбу тахта, сару либос, пойафзол, металҳои сиёҳ, дастгоҳҳои механикӣ, дастгоҳҳои барқӣ ё трансфарматорҳо ва автомобилҳо содир карда мешаванд, ки умдатан моли Русия ва Қазоқистон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Ғулом Набии Фароҳӣ, муовини вазири фарҳанги Афғонистон мегӯяд, тамоми ҳамкориҳои ду кишвар фақат ҳарфи рӯи коғаз хоҳанд буд, агар масъалаи раводид ё виза ҳал нашавад: «Агар мо хоҳем, ки равобити сиёсиву иқтисодиву фарҳангиамонро беҳтар кунем ё дар соҳаи ҷаҳонгардӣ пешрафт кунем, бояд қабл аз ҳама масъалаи виза ҳал шавад. Мо мехоҳем сари ин мавзӯъ сӯҳбат кунем».

Мушкили визаи Тоҷикистон барои атбои Афғонистон аз қабл ба ин сӯ аз сӯи тоҷирону фарҳангиёни ин кишвар чандин маротиба ба миён гузошта шуд. Коршиносон мегӯянд, бо он вуҷуд ки Афғонистон барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ барои бурунрафташ аз бунбасти иқтисодиву нақлиётӣ хеле муҳим аст, аммо аз вазъи ноамни ҳамсояаш бим дорад ва дар масъалаи содда кардани виза ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди унсурҳои террористиву тундгаро худдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG