Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат бо Бародар музокироти махфӣ анҷом надодааст


Имрӯз ҳукумати Афғонистон инкор кард, ки бо Мулло Абдулғанӣ Бародар-раҳбари рақами 2-и ҷунбиши Толибон қабл аз боздошташ дар Покистон музокироти мафхӣ анҷом надодааст. Изҳороти моҳи гузаштаи маъмурони кашфи Амрико ва Покистон сабаби нашри гузоришҳои таъйиднашуда дар матбуот шуд, ки гӯё собиқ фармондеҳи аршади Толибонро ба Кобул бурдаанд. Аммо Воҳид Умар-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки миёни ҳукумати Афғонистон ва Мулло Бародар тамоси мустақим вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG