Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ: занонро дар Узбакистон нозо мекунанд


Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти Узбакистон дар чорчӯби барномаи назорати мизони таваллуд саъй доранд, занонеро, ки беш аз ду фарзанд доранд, иҷборӣ безурёт ё худ стерилизатсия кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти беҳдоштии Узбакистон иттиҳоми безурёткунии иҷбориро рад намуда, исрор меварзанд, ки занон бо хоҳиши худ бенасл карда мешаванд, то саломатии худи онҳову фарзандонашон ҳифз гардад.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон, ин барномаро ҳукумат тасдиқ кардаву занони оилаҳои камбизоат, ки ду ва ё бештар аз он фарзанд ба дунё овардаанд, шомили он мегарданд.

Мансабдорони беҳдоштии Узбакистон таъкид мекунанд, ки ин иттиҳом асосе надорад, вале баъзе табибони узбак эътироф мекунанд, ки онҳо усули назорати мизони таваллудро ташвиқ менамоянд. Онҳо аз ҷумла ҷо доштани hysterectomy, яъне берун овардани бачадони занонро, ки гӯё бо хоҳиши ҳамон занон гузаронида мешавад, тасдиқ мекунанд. Бо ишора ба вазъи ногувори иҷтимоиву иқтисодии баъзе оилаҳо ин табибон мегӯянд, барои онҳо "ҳамли иловагӣ" лозим нест.

Ҳаитбой Ёқубов, раиси созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар вилояти Хоразми Узбакистон, иддао дорад, ки 15-уми феврали соли 2010 вазорати беҳдошти ин кишвар амре баровард, ки безурёткунии довталабонаи занонро мадди назар гирифтааст. Ба фикри Ёқубов, мақомоти узбак рӯи табибон фишор меоранд, то занонро ба безурётӣ ташвиқ намоянд.

Ӯ мегӯяд: " Мо бо 17 зан дар ноҳияи Хива сӯҳбат кардем. Баъзе аз онҳо ҷарроҳии hysterectomy-ро пушти сар кардаанду дигарон хешовандони афроди безурётшуда ҳастанд. Ба гуфти ин занон, аснои зиёрат аз ниҳодҳи беҳдоштӣ ба онҳо гуфтанд, ки онҳо бемории гинекологӣ доранд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз рушди он онҳо бояд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронанд. Ҳамин гуна занони зиёдеро безурёт карданд. Баъзан мардум ба мақомоти беҳдоштӣ шикоят бурданд. Мақомоти аз шикояти баъзе занон ба додгоҳ ҷилавгирӣ карданд"

Hysterectomy - амалиёти ҷарроҳист, ки дар рафти он бахше аз бачадони зан бартараф карда мешавад ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ соҳиби фарзанд шуда наметавонад.

Як зани хоразмӣ, ки нахост номаш ошкор шавад ба радиои Озодӣ гуфт, ходимони соҳаи беҳдошт занонро ба бартараф кардани бачадонашон маҷбур мекунанд.

Ӯ мегӯяд: "Дар Хоразм баъди таваллуди кӯдак дар дохили бачадони занони аз 35-сола боло ҷиҳози ҷилавгирӣ аз ҳамл мегузоранд. Баъзан табибон бачадони занонро бартараф мекунанд, то онҳо аз нав ҳомила нашаванд. Табибон аз маҳаллаҳо боздид ба амал оварда, занонро ба муоинаи маҷбурӣ мефиристанд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки бачадонро бепул бартараф хоҳанд кард".

Дар натиҷа занони зиёде, ки аз бартараф кардани ҷачадонашон хавф доранд, аз аёдати табибон худдорӣ намуда, кӯдаконашонро дар хона ба дунё меоранд.

Сернуфустарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ - Узбакистон бо 28 миллион аҳолиаш бо камбизоатӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Як мансабдори соҳаи беҳдошти вилояти Тошканди Узбакистон ба радиои Озодӣ гуфт, занони зиёде 4 ва ё 5 фарзанд доранд ва бо сабабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ онҳо наметавонанд тарбияи фарзандони бештар аз онро бар дӯш гиранд. Ин мансабдор афзудааст, ки бисёре аз ин занон роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳамлро намедонанд ва аз ин рӯ табибон ба онҳо имконоти мухталиф ва аз ҷумла рафъи бачадонро машварат медиҳанд.

Ходимони соҳаи беҳдошт мегӯянд, ки 57 дарсади занони вилояти Тошканд аз камхунӣ азият мекашанд ва мизони таваллуди кӯдак мавриди назорат қарор нагирад, вазъи ин занон бадтар хоҳад шуд.

Шореҳи узбак Сӯҳроб Исмоилов иброз дошт, ки маъракаи назорати мизони таваллуд мебоист довталабона бошад, вале дар амал он ранги дигар гирифт: "Мо намегӯем, ки бартарафкунии маҷбурии бачадон ҷо дорад. Аммо дар баъзе ҷойҳо занонро бо фиреб ба ҷарроҳӣ мекашанд. Ба иттилои мо, дар Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистон ва шаҳри Тшшканд барин ҷойҳо мақомоти маҳаллии соҳаи бедошт худашон амар содир намуда, назорати безурёткуниро ба дасти худ гирифтаанд. Бар пояи он ходимон дастур гирифтаанд, ки моҳона ҳадди аққал ду занро ба бартараф кардани довталабонаи бачадон водор намоянд."

Аз соли 1999 то соли 2003-ум дар Узбакистон барномаи назорати мизони таваллуд пиёда мешуд, ки бар пояи он ҳамин гуна машваратҳои ҷилавгирӣ аз ҳамл ва амалиёти рафъи бачадон бидуни ризояти пешакии занон роҳандозӣ шуда буд. Вале назари манфии мардум ва гузоришҳову овозаҳои гуногун боис шуд, ки он мутаваққиф гардад.
XS
SM
MD
LG