Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози фаластиниҳо бар зидди Исроил


Имрӯз тазоҳургарон дар Байтулмуқаддаси шарқӣ бо пулис вориди задухурд шуданд. Сабаб ин аст, ки Исроил дар ин минтақаи баҳсбарангез маҳалли аҳолинишин бунёд мекунад. Тазоҳуркунандагон ҳамчунин мухолифати худро ба гушоиши канисаи таъмирдидаи таърихӣ дар Шаҳри Кӯҳна баён доштанд. Фаластиниҳо мехоҳанд, ки дар оянда шарқи Байтулмуқаддасро ба пойтахти давлати худ табдил диҳанд. Имрӯз ҳазорон нафар фаластиниҳо дар Навори Ғазза, дар минтақае, ки зери контроли гурӯҳи Ҳамос аст, раҳпаймоӣ анҷом доданд ва имрӯзро "рӯзи ғазаб" бар зидди ишғолгариҳои Исроил арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG