Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди расмии раисиҷумҳури Қазоқистон аз Узбакистон идома дорад. Аммо ин сафар дар кадом шароит доир мешавад ва равобити миёни ду кишвар дар кадом вазъ қарор доранд?

Ва оё то куҷо метавон умедвор шуд, ки сафари Назарбоев ба ҳалли мушкилоти доғи минтақавие, чун баҳси масоили обу энержӣ миёни кишварҳои болооб ва поёноб, бавижа Узбакистон мусоидат хоҳад кард?

Сафари кунунии раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ба Узбакистон севвумин сафари расмии ӯ ба ин кишвар буда, баъд аз 4 соли фосила аз боздиди қаблии ӯ аз Тошканд сурат мегирад.Остона мегӯяд, ба рушди равобиташ бо Узбакистон аҳмияти вижаеро қоил буда, умедвор аст, ки ин боздиди Назарбоев саҳифаи тозаеро дар муносиботи ин ду кишвари аз нигоҳи қаламрав ва нуфуз бузургтарини Осиёи Марказӣ боз кунад.

Илёс Умаров, сухангӯи вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Раисиҷумҳури мо маҳз ба хотири баҳси созанда ва муфассали масоили аслии равобити миёни ду кишвар азми Тошканд мекунад ва умедвори пайдо кардани роҳҳалҳои муштаракест, ки ба нафъи ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Мо боз будани Қазоқистон ба муколамаи ошкорро намоиш дода, мехоҳем дидгоҳи худ ба дурнамои ҳамкории ду кишвар дар масоили амнияти минтақа, истифодаи муштарак аз манобеъи оби Осиёи Марказӣ ва ҳам ба шеваи иҷрои барномаҳои муштараки иқтисодиро пешниҳод кунем.”

Илёс Умаров афзуд, дар ҷараёни ин сафар имзои як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ низ дар назар буда, натоиҷи мулоқоти Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов дар поёни сафар дар як баёнияи муштарак дарҷ хоҳад ёфт.

Аммо ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Остонаву Тошканд феълан як марҳалаи мушкилеро сипарӣ мекунад. Табодули молу коло миёни ду кишвар низ дар соли 2009, ба таъйиди сухангӯи вазорати умури хориҷии Қазоқистон Илёс Умаров, ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст.

Ӯ мегӯяд: “Тиҷорати миёни мо сол ба сол боло меравад. Албатта, ба истиснои соли гузашта, ки ба иллати бӯҳрони саросарӣ табодули молу коло бо Узбакистон 33 дарсад кам шуд ва ва наздики 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дод. Иллати аслии коҳиши тиҷорат бӯҳрон буд, вале назари мо ба оянда хеле хушбинона аст.”

Идомаи сабқат барои нақши аввал дар минтақа

Мушкилоти дигар дар равобити ин ду кишвар дерина ва суннатианд. Қазоқистону Узбакистон - ду кишвари саршор аз манобеъи энержӣ, аз ҷумла нафту гази минтақа - ба муҷарради касби истиқлол барои касби нақши аввал дар саҳнаи Осиёи Марказӣ вориди сабқат шуданд ва муносиботи шахсии то ҳадде рақобатомези Назарбоев ва Каримов дар ин лобало гӯё равғане буд, ки ба болои оташи ин рақобатҳо мерехт.

Досим Сатбаев, раҳбари Гурӯҳи рискшиносӣ, як созмони таҳқиқотӣ дар Қазоқистон, мегӯяд, равобити Оқ-Ӯрда бо Оқ-Саройро, албатта, наметавон дӯстона номид, вале дар ин равобит кадом низоъи ошкор ва бепардае низ дида намешавад.

Вале ҷиддитарин мушкиле, ки ба густариши равобити ду кишвар дар сатҳи минтақа халал мерасонад, хутути сиёсии онҳост, чунки, мегӯяд Досим Сатбаев, дар ҳоле ки Қазоқистон дар қиболи Осиёи Марказӣ роҳи ҳамгироиро дунбол мекунад, Узбакистон дар ин масъала бештар инзивоъгарост.

Ӯ мегӯяд: “Рақобат барои раҳбарӣ бар минтақа асосан на байни Қазоқистону Узбакистон, балки миёни ду шахс- Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов ҷараён дорад. Каримов ва Назарбоев нафақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар куллия Шӯравии собиқ танҳо ду раҳбари кишваранд, ки собиқаи раёсати онҳо ҳанӯз аз аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад ва ҳарду 21 сол боз бар кишварҳои худ ҳукумат меронанд. Ва ин омил – рақобати шахсӣ миёни Назарбоев ва Каримов - низ ба ҷараёни масоил дар сатҳи минтақа то ҳадде таъсир мегузорад.”

Нақши об дар музокироти Тошканд

Як мавзӯъи умдаи музокирот дар Тошканд, ба бовари коршиносон, баҳси оби минтақа хоҳад буд.

Узбакистону Қазоқистон ҳамроҳ бо Туркманистон аз кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ба шумор меоянд, вале ба фарқ аз Узбакистон, ки дар қиболи барномаҳои нирӯгоҳсозии кишварҳои болооб – Тоҷикистону Қазоқистон – мавзеъи тундеро пеш гирифтааст, Қазоқистон дар қиболи ин мавзӯъ дидгоҳи нармтаре дорад ва ба назари таҳлилгарон, Остона ҳатто мӯҳтотона мехоҳад дар ин баҳси Тошканд бо Душанбеву Бишкек ҳаддалимкон нақши як миёнҷии то ҳадде холисро бозӣ кунад.

Таҳлилгари узбак Камолиддин Рабимов ҳамоҳанг ва наздик сохтани мавзеъгириҳои Тошканду Остона дар масъалаи баҳрабардорӣ аз манобеъи оби Осиёи Марказиро дар баробари мавзӯъи амнияти минтақа аз муҳимтарин мавзӯъҳои мулоқоти қарибулвуқӯъи Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев масоили амнияти минтақа дуввумин мавзӯъи аслии барномаи сафари Назарбоев ба Тошканд медонад:

Оқои Рабимов мегӯяд: “Қазоқистон нигарони вазъи равобити Узбакистону Тоҷикистон аст ва ман ба маҳзи эътимоде, ки Душанбе ба Остона дорад, эҳтимоли дар ин баҳси Тошканду Душанбе дар атрофи тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғун нақши як чунин миёҷиро бозидани Қазоқистонро истисно намекунам. Қазоқистон ҳамчунин манфиатдор нест, ки вазъи геополитикӣ ва масоили амниятии Осиёи Марказӣ ба андозае тунду тез шавад, ки ба бозигарони ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама ба Русия имкони дахолат дар умури ин минтақаро фароҳам биорад. Қазоқистон ҳамеша ба ин нукта таъкид мекунад, ки минтақа бояд масоилашро худ ҳалл кунад.”

Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад, аммо бар ин назар аст, ки азми кишварҳои болооби минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон ба эҳдоси нирӯгоҳҳои азими Роғуну Қамбар-Ота метавонад ба наздик шудани мавозеъи Узбакистону Қазоқистон, аз нигоҳи мавқеъият кишварҳои поёноб маҳсуб мешаванд, кӯмак бикунад.

Натиҷаи музокираи "танҳамтанҳо" барои кишварҳои поёноб чӣ хоҳад буд?

Коршиноси қазоқ Досим Сатбаев азму хоҳиши Остона барои миёнҷигӣ дар баҳси Тошканд бо кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро идомаи хатти машши деринадори Қазоқистон дар ин мавзӯъи барои минтақа хеле ҳассос медонад ва аз ҷумла ба ибтикори қаблии Назарбоев дар мавриди таъсиси як консортсиуми оби Осиёи Марказӣ ишора мекунад, ки аз ҷониби Узбакистон радд шуда буд.

Ӯ мегӯяд: “Албатта, алорағми пешниҳоди Қирғизистон, ки Тоҷикистон низ зоҳиран ба он мувофиқ аст, Қазоқистон мухолифи ба ҳайси мол шинохтани об аст. Аммо ба фарқ аз Узбакистон, Қазоқистон намехоҳад, ки бунёди нирӯгоҳҳо дар Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчун сиёсати зидди минтақа баррасӣ шаванд. Яъне Остона дар ин масъала як мавзеъи миёнаро интихоб кардааст ва мехоҳад, ҳамаи ҷонибҳо ба як мувофиқа бирасанд. Узбакистон, муттаассифона, ягон алтернативае пешниҳод намекунад. Вале Қазоқистон ҳам бештар ба як нозири дар ҳошия мемонад ва дар ҳалли ин баҳс чандон фаъол ба назар намерасад.”

Досим Сатбаев мегӯяд, дар ҳалли баҳси барои минтақа ҳассоси об бояд фаъолтар буд, ки кор аз кор нагузарад ва танишҳои дар ҳоли ҳозир лафзӣ ба низоъ напечанд.

Ба назари таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад, набояд аз сафари Назарбоев, ки бештар ба унвони як суннати равобит анҷом мешавад, интизори болоеро дошт ва мунтазири кадом ҷаҳиши фавқулодда дар равобит ваё тағйири 180-дараҷаӣ дар мавозеъи ин 2 кишвари, ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, “ҳамчашм”-и минтақа дар баҳси манобеъи оби Осиёи Марказӣ шуд.

Ба бовари аксари таҳлилгарон, дидори Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов, ин ду “Таҳамтан”-и арсаи сиёсии Осиёи Марказӣ, ҳатман мулоқоте хеле хабарсоз хоҳад шуд ва бар тарозуи нерӯ дар сатҳи Осиёи Марказӣ осори қобили мулоҳизае аз худ ба ҷо хоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG