Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро куҳансолтарин вакили парлумони нав, Амир Қарақулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ифтитоҳ кард. Ва ба гунае, ки интизор мерафт, Шукурҷон Зуҳуров бо иттифоқи оро раиси порлумон интихоб шуд.

Вай дар ҳоле феҳрести вакилони навро қироат кард, ки дар толори парлумон 58 нафар вакил ҳузур дошт. Баъдтар дар ҷараёни раъйгириҳо теъдоди вакилон ба 63 нафари собит расид. Тибқи маъмул дар ин ҷаласа раиси Маҷлис, муовини аввал, муъовинони раис, раисони кумитаҳо ва камисюнҳои порлумонро интихоб шуданд.

Ҳамонгуна, ки интизор мерафт, ба курсии раиси Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, вазири собиқи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки танҳо номзад ба ин мақом буд.

Вакилон зимни интихоби раиси порлумон
Бо ин ҳам интихоби раиси Маҷлис ба таври пинҳонӣ сурат гирифт, ки ба иттифоқи оро ҷаноби Зуҳуров ба ин курсӣ баргузида шуд. Аммо Шукурҷон Зуҳуров, номзадии Амиршо Миралиев, раиси пешини Дастгоҳи иҷроияи Президентро ба унвони муовини аввал ва Назира Ғаффорова, собиқ раиси Донишкадаи такмили ихтисоси Раёасти хизмати давлатӣ ва Мерганд Шаҳбозов, раиси собиқи Кумитаи давлатии оморро ба ҳайси муъовинони худ пешниҳод кард, ки аз ҷониби вакилон ба хушӣ пазируфта шуданд.

Зуҳуров - вакили ҳавзаи Рашт

Шукурҷон Зуҳуров, вакил аз ҳавзаи инфиродии Рашт, аз доғтарин ҳавзаҳои интихоботии 28 феврал аст, ки бар Давлати Усмон, аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифин ва собиқ вазири иқтисоди кишвар, пирӯз шуд.

Ҷаноби Зуҳуров аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва ҳам дар парлумон, ҳам дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар сатҳи ноҳия кор кардааст.

Дар нахустин даври музокироти сулҳи ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар апрели соли 1994 оқои Зуҳуров роҳбарии ҳайати ҳукуматӣ дар музокиротро бар ӯҳда дошт.

Ҳамон гуна ки, худи Зуҳуров, пас аз интихоб шудан ба мақоми раиси парлумон дар суханрониаш гуфт, «муддати 18 соли ахир дар паҳлӯи президенти мӯҳтарам ва дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумат кор кардам. Ва мо солҳои бисёр вазнинро пушти сар кардем. Ҳолатҳои бисёр мушкил ва вазнин ҳам шахсан ба сари ман омаданд. Аммо ҳамавақт пуштибонӣ , дастгирӣ ва ғамхории ин шахсиятро эҳсос мекардам ва аз маслиҳату машварати вай бархӯрдор будам, ки то имрӯз расидем».

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ширкат дошт, аз интихоби Шукурҷон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар порлумон
Зуҳуров, ба курсии раиси Маҷлис истиқбол кард ва ӯро табрик гуфт, «аз номи худ ва аз номи ҳукумат Шукурҷон Зуҳуровро барои ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуданаш табрику таҳният гуда ва барояшон саломатӣ ва барори кор таманно дорам».

"Барои баҳо додан зуд аст, як сол мунтазир мешавем"

Бад ин тартиб Шукурҷон Зуҳуров, ҷойгузини Сайдулло Хайруллоев, раиси собиқи палатаи поёнии парлумон, шахсе, ки аз оғози таъсиси ин маҷлис муддати даҳ соли ахир раёсати онро бар дӯш дошт, шудааст. Зимнан, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар охири суханрониша дар ҷалсаи порлумони нав гуфт, бо таваҷҷуҳ ба хадамоти шоёни Хайруллоев ӯро ба узвияти Маҷлиси Миллӣ, палати болоии порлумон пешниҳод кардааст. Аммо ин суол матраҳ аст, ки бо рӯи кор омадани Шукурҷон Зуҳуров, оё фаъолияти парлумони ҷадид дар муқоиса ба парлумони қаблӣ беҳбуд хоҳад ёфт.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили МН
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, «албатта Шукурҷон Зуҳуров аз сӯи ҳама вакилон ва аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ мавриди қабул ҳастанд. Аммо умед дорам, ки парлумонро бо як шеваи нав роҳбарӣ хоҳанд кард. Вале ҳанӯз зуд аст, қазоват кардан. Чун вақт нишон хоҳад дод. Зеро як нафар ба танҳоӣ, бигзор раиси Маҷлис ҳам бошад, наметавонад чеҳраи парлумонро дигар кунад. Ҳадди аққал як сол бояд мунтазир бошем».

Командаи Зуҳуров дар порлумон

Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, ба унвони раиси нави Маҷлиси намояндагон чеҳраҳои наверо аз миёни вакилон ба симмати раисони кумитаҳо ва комиссияҳои парлумон пешниҳод кард, ки онҳо дар ин симматҳо пазируфта шуданд. Муҳаммадалӣ Ватанов, Шермуҳаммади Шоҳиён, Сафаралӣ Раҷабов, Саиди Ёқубзод, Олим Салимзода, Марҳабо Ҷабборова, Хайриниссо Юсуфӣ, Амир Катаев раисони Кумитаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, амният ва дифоъ, иқтисод ва молия, аграрӣ ва муҳити зист, умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, илм, таҳсилот ва фарҳанг ва ҷавонон, умури иҷтимоӣ, тандурустӣ ва оила, энержӣ ва саноъат ва Давлаталӣ Давлатов ва Азизмад Имомов, раисони комиссияи одоб ва дастуру ташкили кори Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд.

Танҳо аз чеҳраҳои пешин Сафаралӣ Раҷабов, ки солҳои 1995 то 2000 –ум раёсати парлумонро бар ӯҳда дошт, дар мақоми қаблии худ, яъне раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ боқӣ монд. Аммо бо ин ҳам раиси Маҷлиси намояндагон, муовинони вай ва раисони кумитаҳо ва камисюнҳои парлумон ҳамагӣ намояндагони Ҳизби халқӣ - демократии ҳоким мебошанд.

Дар ҳоле, ки ба таъкиди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳар ҳизби сиёсие, ки вориди парлумон шудааст, намояндаи он ҳаққи мансуб шудан ба раёсат ё муовинати кумитаҳо ва комиссияюнҳои Маҷлисро дорад.

Зимнан, дар интихоботи 28 феврал аксарияти курсиҳоро намояндагони Ҳизби халқӣ - демократӣ, ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. 9 нафари ғайриҳизбӣ ва намояндагони аҳзоби коммунист, наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ дутоӣ курсиро дар парлумони нав соҳиб шуданд.


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG