Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран 30 кӯдаки синни мактабӣ зимни як амалиёт ё рейди милисаи Хатлон дар бозори Қӯрғонтеппа боздошт шудаанд. Милиса мегӯяд, ки ин ноболиғон ба ҷои таҳсил дар мактаб, дар бозор мардикориву тиҷорат мекунанд ва дар қайди ҳеҷ кадом таълимгоҳ низ нестанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки агар дар вилояти Хатлон шумори ноболиғон ба як миллиону 300 ҳазор нафар наздик бошад, тибқи гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, ҳудудан 15 дарсад аз ин шумора ба меҳнати пурмашаққат масруф будаанд. Ва аксаран кӯдакон аз хонаводаҳои нодор ризқу рӯзии худро дар бозорҳо меҷустаанд.

Ҷаҳонгир, навраси 15-сола, аз ҷумлаи ин 30 кӯдаки боздоштшуда аст, ки мегӯяд, вай ба хотири кӯмак дар таъмини хонаводааш, аз таҳсил дар таълимгоҳ даст кашидааст.

Кӯдакони дастгиршуд дар пайи мулоқот бо кормандони милиса, ба манозилашон, ки дар ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон будааст, фиристода шудаанд.

Юсуф Сафаров, коршиноси масоили амниятиву криминалӣ, мегӯяд, як иллати аслии афзоиши ҷинояткорӣ аз сӯйи ҷавонону наврасон низ канор мондани онҳо аз таҳсил ва бекориву беназоратии онҳо будааст. Танҳо дар соли 2010 дар қаламрави вилояти Хатлон 19 ҷиноят аз сӯйи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ба гуфтаи мақомоти милиса, ин рақами қобили мулоҳиза аст.

Дар ҳамин ҳол, идораи маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, феълан шумори кӯдакони синни мактабие, ки аз таҳсил канор мондаанд, дар вилояти Хатлон аз ҳазор нафар камтар аст. Бо ин вуҷуд, ки шумори таълимгоҳҳои ҷануби Тоҷикистон маҳдуд аст, аммо дар се баст мактабҳо имкони фарогирии ҳама муҳассилинро доранд. Вале мақомоти омӯзишу парвариши шаҳру навоҳии Хатлон наметавонад иҷборан кӯдаконро ба мактаб биоранд, агар волидонашон ба ин кор мусоидат накунанд.

Агар ҳам шумори кӯдакони аз таҳсил дар мактабҳои ҳамагонӣ канормонда ба ҳазор нафар мерасад, ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабии Хатлон нигаронкунанда хонда мешавад. Бар асоси иттилои ҳукумати вилояти Хатлон, феълан дар ҷануби кишвар чизе беш аз 100 адад кӯдакистон мавҷуд аст, аммо ҳудудан 10 ҳазору 200 кӯдак шомили инчунин муассиса будаанд, ки наздик ба 10 дарсад аз шумори умумии онҳо мебошад.

Шумори кӯдакистонҳо дар қиёс бо замони шӯравӣ ба сурати қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Теъдоде аз ин муассисаҳои томактабӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ тахриб гардида, қисме аз биноҳои ин кӯдакистонҳо ба муассисаҳои дигар табдил шудаанд.

Тутинисо Раҷабова, мураббии кӯдакистони «Офтобак» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, феълан вазъи кӯдакистонҳо чандон ба талабот мувофиқ нест, таомҳо камғизо буда, бозичаҳои бачагона низ ангуштшумор будаанд. Ва аммо вай сафарбарии кӯдакон ба кӯдакистонҳоро бас муҳим мехонад. Ба гуфтаи хонум Раҷабова, тарбият гирифтан дар муассисаи томактабӣ ба ташакули фитрии кӯдакон сёр муассир аст.
XS
SM
MD
LG